Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон афғонҳоро паноҳ намедиҳад


Дидбони Ҳуқуқи Башар мегӯяд, аз баҳори соли ҷорӣ то имрӯз мақомоти интизомии Эрон тақрибан 100 ҳазор нафар афғониро ба баҳонаи на паноҳҷӯ, балки муҳоҷири ғайри қонунӣ буданашон ихроҷ кардаанд. Бино ба иддаъои ин созмони бонуфӯзи байнулмилалӣ, ҳатто афғонҳое, ки солҳо боз дар Эрон иқомат доштаанд ва санади паноҳҷӯ низ доранд, имрӯз боздошт ва якҷо бо афроди тозаворид ихроҷ мешудаанд.

Дар ҳамин ҳол, Брэд Адамс, раиси ин созмон дар умури Осиё, мегӯяд, Эрон ба афғонҳо имкон диҳад, то барои дарёфти ҳуқуқи паноҳандагӣ саъй кунанд: «Мо хеле нигаронем, чунки бисёре аз одамоне, ки баргаштаанд, муҳоҷирини корӣ нестанд, паноҳҷӯянд. Дуруст аст, ки баъзеҳо ба далоили мушкилоти иқтисодӣ омадаанд, вале бисёриҳо паноҳандаи сиёсианд».

Ҷаноби Адамс афзуд, ки вазъ бештар печидатар шудааст, зеро афғононе, ки баъд аз суқути «Толибон» ба ватан баргашта буданд, ҳоло бино бар нооромиҳои аз нав ба вуқӯъпайваста дубора Афғонистонро тарк мекунанд.

Дар ҳамин ҳол, созмони «Дидбони ҳуқуқи башар» баъд аз Афғонистон Ироқро дар мақоми дуввум гузоштааст.

Ба иттилоъи Кумисориёи олии СММ дар умури паноҳҷӯён, фирори дастаҷамъии аҳолии Ироқ боъис шудааст, ки мизони паноҳандагӣ дар саросари ҷаҳон 14 дарсад боло равад, ки чунин афзоиш аз соли 2002 то ҳол мушоҳида нашуда буд.

Гуфта мешавад, феълан шумораи паноҳҷуёни дохилӣ ё беҷошудагони Ироқ ба 2 милён мерасад.
XS
SM
MD
LG