Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Тасвиби Қонуни афв аз сӯи Маҷлиси олии кишвар


ақ

Имрӯз дар ҷаласаи навбатии Маҷлиси олии Тоҷикистон намояндагони мардумӣ лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи афв"-ро баррасӣ карда, ба тасвиб расониданд.


Ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 10-умин солгарди ба имзо расидани Созишномаи умуми сулҳ ва Рӯзи «Ваҳдати миллӣ» пешнависи қонуни нави афвро барои баррасӣ ва тасвиб ба порлумони кишвар ироъа карда буд.


Маҳмад Раҳимов, муовини раиси Кумитаи Маҷлиси Намояндагон, ки муҳтавои ин қонунро барои вакилон тавзеҳ мекард, тазаккур дод, ки ҳамзамон бо интишори он гурӯҳе аз маҳбусон, бо шумули афроди болотар аз синни 55-сола, занҳо ва ноболиғон, ширкатдорони ҷанги дуюми ҷаҳонӣ ва низ шахсоне, ки аз ҳардуҷониб дар муқовиматҳои мусаллаҳонаи Тоҷикистон дар солҳои 1992 - 1997-и ширкат варзидаанд, аз маҳбасҳо озод хоҳанд шуд.


Дар ҳамин ҳол Абдуманнон Холиқов, раиси Кумитаи амният ва дифоъи Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, ба ин савол, ки оё фармондеҳони саршиноси зиндонии ҳарду ҷониб, чун Ёқуб Салимов, Муҳаммадрӯзӣ Искандаров ва Ғаффор Мирзоев, таҳти ин афв қарор хоҳанд гирифт, посухи мушаххас надод. Вале вай таъкид кард, ки ин қонун маҳдудиятҳоеро барои ҷиноёти сангин ба мисли ташкили дастаҳои мусаллаҳи ҷиноӣ, гаравгонгирӣ, муқобилият бо сохторҳои қудратӣ, ташкили исён алайҳи сохти конститутсионӣ, куштор, роҳзанӣ ва даъвати оммавӣ барои сарнагунии давлат пешбинӣ кардааст.


Ин дар ҳолест, ки Ҳикматуллоҳ Сайфуллоҳзода, узви раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, қабули қонуни афро, ки шароити раҳоии размандагони пешин ва бархе аз шахсиятҳои масъули зиндонии мухолифинро фароҳам намесозад, бозие беш арзёбӣ накард. Оқои Сайфуллоҳзода таъкид кард, барои тойифаи дузду ғоратгару нашъаҷаллоб ё зане, ки даст ба тиҷорати маводи мухаддир задааст, татбиқи афви умумӣ зарурат надорад. Вале афв, ки, аслан, як тасмими сиёсист, бояд барои қонеъ гардонидани рақибони сиёсӣ татбиқ шавад.


Дар баҳори соли равон се тан аз намояндагони Иттиҳоди мухолифини пешини тоҷик - Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ, Муҳаммадшариф Ҳимматзода ва Муҳиддин Кабирӣ, вакилони Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, - ба унвонии президент нома ирсол карда, аз ӯ ба муносибати «Рӯзи ваҳдати Миллӣ» ва мувофиқатномаи сулҳи тоҷикон, ки ҳанӯз 27-уми июни соли 1997 дар Маскав ба имзо расида буд, хостори афви собиқ размандагони маҳбуси мухолифин шуда буданд.


Дар соли 1999 беш аз шаш ҳазор аз размандагони Иттиҳоди нерӯҳои опозисюни тоҷик (ИНОТ) дар асоси қарори собиқ Комисиюни оштии миллии Тоҷикистон ва Маҷлиси олии кишвар ном ба ном мавриди афв қарор гирифта буданд.


Лозим ба тазаккур аст, ки афви ахири саросарӣ дар кишвар дар остонаи ҷашни 15 солагии истиқлолият дар моҳи августи соли гузашта эълом шуда буд, ки дар пайи татбиқи он шашуним ҳазор нафар зиндониён ба озодӣ баромаданд.


Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе.
XS
SM
MD
LG