Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ғолибони сабқати ҷумҳуриявии қаиқронҳои наврас


. Мусобиқаи ҷумҳуриявии қаиқронӣ байни наврасон дар урдугоҳи Чумчуқарали шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд.

Варзишгарони навраси тоҷик дар ҳайати шаш даста аз манотиқи мухталифи кишвар дар ду навъи қаиқ - байдарка ва каноэ рақобат карданд. Сабқати каноэ бо ширкати писарон дар ду масофа сурат гирифт. Далер Тоҳиров, узви дастаи мунтахаби вилояти Суғд дар масофаи 500 метр ва Комрон Азимов, шогирди мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишии Душанбе дар масофаи 1000 метр мақоми аввалро касб карданд. Ҳамчунин ҳарду дар каноэи дукаса дар масофаҳои 500 ва 1000 метр ғолиб гардиданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар навъи байдарка ҳам писарон ва ҳам духтарон ширкат карданд.

Бобоҷон Маҳмадрасулов, аз вилояти Суғд дар масофаи 500 метр ғолиб омад. Темур Лагутенко, аз мактаби маҳорати олии варзишӣ дар масофаи 1000 метр соҳиби ҷойи аввал шуд. Варзишгарони Хуҷанд Парвиз Саломов ва Алишер Бобоҷонов дар байдаркаи дукаса дар масофаи 500 метр дар ҷойи аввал қарор гирифтанд. Нурмуҳаммади Тоҳирӣ ва Темур Лагутенко, аз мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ дар байдаркаи дукаса дар масофаи 1000 метр ба дарёфти мақоми аввал даст ёфтанд.

Фирӯза Ҳусейнова, аз дастаи мунтахаби вилояти Суғд дар сабқати духтарон дар масофаи 500 метр ва ҳамдастаи ӯ Нигина Сираева дар масофаи 1000 метр пирӯзӣ ба даст оварданд. Инчунин ҳарду дар байдаркаи дукаса дар масофаи 1000 метр ғалаба карданд.

Сардовари ин мусобиқа Ҳасан Шарифов, раҳбари мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ ба радиои Озодӣ гуфт: «Ҳадаф аз баргузории ин мусобиқа муайян кардани ҳайати дастаи мунтахаби қаиқронии кишвар буд, ки моҳи сентябри соли равон дар Бозиҳои варзишии наврасони кишварҳои Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё дар шаҳри Брести Белорус ширкат хоҳад кард.»

Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG