Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фақат ба хотири СУЛҲ (Гуфтори панҷум)


Абдумалик Абдуллоҷонов -- сафири саркаш ва номзади президентӣ.
Вокуниши оппозисюн ба интихобот ва референдум.
Шабзиндаҳои Исломобод, Алмато, Бишкек ва Ишқобод.
Ҳамаи роҳҳо ба Маскав мерасанд.
---------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------------

Омилҳои зиёде Русияро водор карданд, сиёсаташро нисбат ба вазъи Тоҷикистон тағйир диҳад. Бар замми зуҳури "нирӯи сеюм"-и Абдуллоҷонов аввалин шӯриши Маҳмуд Худойбердиев бо талаби истеъфои атрофиёни Раҳмонов ва ҷудо кардани Қӯрғонтеппа аз Кӯлоб барои дипломатҳои Русия дарди саре эҷод карда буд. Талошҳои афзояндаи Узбакистон ва Иёлоти Муттаҳида ба таъсири бештар дар сулҳи Тоҷикистон, дар ҳоле ки Тошканд то рафт аз Маскав дуртар мелағжиду ба Вошингтон наздиктар мешуд ва дар ҳоле ки Русия дар баҳси Балкан аз Амрико шикаст хӯрда буду акнун ҷанги наве дар Чеченистони худаш оташ гирифта буд, дидгоҳи наверо тақозо мекард. Ба ҳамаи ин ҳаракати босуръати ҷумбиши Толибони афғон ба сӯи марзҳое идома дошт, ки Русия онҳоро марзи худ меномид. Мушовирони Елтсин ошкоро ба ӯ мегуфтанд, ки бо ин ҳол дар Тоҷикистон низ Русияро шикасте интизор аст, ки маҷбураш хоҳад кард, дар як шаб марзи худро ба Урал кӯч диҳад.

Ин барнома ҳамчунин нахустин мулоқоти Эмомалӣ Раҳмонов ва Саид Абдуллоҳи Нурӣ дар Кобул, дархости Амрико ба ширкат дар гуфтушунид, сафари раҳбарони оппозисюн ба Вошингтон ва Тошканд, фишори Борис Елтсин ба Раҳмонов, бозгашти оппозисюн ба Тоҷикистон ва бӯҳронҳои шадиди оғози раванди сулҳро дар бар мегирад.

Агар онро шуниданӣ бошед, ин ҷумлаи сабзро "ангушт" занед.
XS
SM
MD
LG