Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Забти вулусволии Миённишин аз тарафи «Толибон»


KB

Бар тибқи хабари мақомоти Афғонистон дар Кобул, ахиран ҷанговарони гурӯҳи «Толибон» як маҳалро дар ҷануби ин кишвар таҳти контроли худ дароварданд.


Змарай Башарӣ, сухангӯи Вазорати дохилаи Афғонистон, гуфт, ки шоми душанбеи 18 июн пулиси ҳукумати кишвар аз вулусволии Миённишини вилояти Қандаҳор берун карда шудааст.


Тибқи иттилоъи оқои Баширӣ, дар даргириҳои ахири вилояти ҳамсояи Урузгон инчунин 10 мулкӣ, чаҳор пулис ва беш аз 60 размандаи «Толибон» ба ҳалокат расидаанд.


Аммо, дар ҳамин ҳол, оқои Башарӣ иттиҳомоти ба ҳалокат расидани шумори зиёди афроди мулкӣ дар пайи ҳамлаҳои мушакии нерӯҳои NATO- ро дар вилояти Урузгон рад кард.
XS
SM
MD
LG