Пайвандҳои дастрасӣ

Иттиҳоми боз як тоҷикистонӣ ба узвияти ҲИУ


mm

Дар ноҳияи Исфара, ба иддаъои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, як узви Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон бо иттиҳоми узвият дар Ҳаракати исломии Узбакистон боздошт шудааст.


Мақомоти зирабт мегӯянд, Зафар Сангинов, як сокини деҳаи Кӯлкенди ноҳияи Исфара, ҳангоми муҳоҷирати кориаш дар Русия ҷавонони тоҷикро барои гаравидан ба Ҳаракати исломии Узбакистон таблиғ кардааст.


Гуфта мешавад, соле қабл ин муттаҳам ба ҷиноят ҳамчунин ба Ҳаракати исломии Узбакистон кумаки молӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG