Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳимояти ИМА ва Исроил аз Маҳмуд Аббос


Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида ва сарвазири Исроил аз сиёсати Маҳмуд Аббос, раҳбари идораи худгардони Фаластин, ва таъсиси ҳукумати нави изтирории Фаластин пуштибонӣ кардаанд.


Ҷорҷ Буш ва Яҳуд Олмерт дар як нишасти хабарӣ дар Вошингтон гуфтанд, ки онҳо ҷонибдори ташкили давлати Фаластинанд.


Ҳафтаи гузашта баъд аз задухӯрдҳо дар минтақаи Ғаза ва таҳти назорати комили гурӯҳи «Ҳамос» қарор гирифтани ин минтақа Маҳмуд Аббос дар бораи истеъфои ҳукумати таҳти раҳбарии «Ҳамос» ва таъсиси ҳукумати нави изтирорӣ тасмим гирифта буд.
XS
SM
MD
LG