Пайвандҳои дастрасӣ

Размандагони собиқ мухолифин афв мешаванд?


Дар хабари интишоркардаи Дафтари матбуотии раиси ҷумҳур шарҳ дода нашудааст, ки тибқи лоиҳаи қонуни Тоҷикистон «Дар бораи афв» кадом гурӯҳи маҳбусон аз зиндонҳо раҳо мешаванд ва оё ин афв ба размандагони мухолифини собиқ низ дахл хоҳад дошт.

Лоиҳаи мазкур пас аз расидан ба Маҷлиси намояндагон аъзои Кумитаи қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсони порлумон, инчунин мутахассисони дастгоҳи иҷроияи раиси ҷумҳурро сари мизи муҳокима кашид, вале мақомоти расмиву вакилони мардумӣ аз шарҳу тафсири ин лоиҳа барои расонаҳои иттилоъотӣ худдорӣ варзиданд.

Танҳо Шарофиддин Зойиров, масъули шуъбаи ҳуқуқи Маҷлиси намояндагон ба радиои «Озодӣ» изҳори андеша кард, ки афви оянда умумӣ хоҳад буд ва, ба гумони ғолиб, размандагони мухолифини собиқ ҳам дар ин миён истисно нахоҳанд шуд: «Ба фикри ман, ин як афви умумӣ мешавад - чун афви соли гузашта ба муносибати 15-солагии истиқлолияти Тоҷикистон. Яъне ба ҳамаи маҳбусин - новобаста аз ба кадом гурӯҳ мансуб будани маҳбус - дахл дорад, танҳо агар ҷиноятҳои махсусан вазнин содир накарда бошад».

Ин дар ҳолест, ки як гурӯҳ аз модарони размандагони собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик ахиран аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон хостори афви фарзандони худ шудаанд.

Ба гуфтаи Ҳуснорои Аҳмад, модари яке аз маҳбусин, феълан ҳудуди ҳазор падару модари зиндониён Кумитаи махсуси волидайни маҳбусини тоҷикро бо номи «Орзу» таъсис додаанд ва қасд доранд ин кумитаро дар вазорати адлияи кишвар сабти ном кунанд. Хонум Ҳуснорои Аҳмад, ки раисии ин кумитаро ба дӯш дорад, мегӯяд, фарзанди ӯ ва 82 ҷавони дигарро ҳафт сол пеш бо иттиҳоми узвият дар гурӯҳи мусаллаҳи худсари Раҳмон Сангинов, мулаққаб ба «Гитлер», зиндонӣ карда буд. Ин зани солманд бо дард мегӯяд, ки, мутаасссифона, дар ду афви солҳои 2001 ва 2006 эъломшуда аз гуноҳи фарзанди ӯ ва дигар муттаҳамин натанҳо нагузаштанд, балки, ҳадди ақалл, муҷозоташонро сабук накарданд. Ӯ меафзояд: «Кумитаи мо тамоми ҳамқисматҳоро ба ҳам мепайвандад ва талош ба афви раҳгумкардаҳое мисли писари ман мекунад. Ман як фарзандамро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ аз даст додаам ва якеи дигараш ҳам инак шаш сол мешавад, ки зиндонист. Ман худ маъюбаму ба сарпараст ниёз дорам ва, вақте писарам дар зиндон аст, пас ман чи ҳаёте дорам?»

Ҳамзамон шуморе аз ин волидони размандагони мухолифини пешин, ки иддаъои афви фарзандони худ мекунанд, аз радиои «Озодӣ» хоҳиш намуданд, то арзу доди онҳо шунида шавад ва ба ин васила вокуниши мақомоти расмӣ дар робита ба номаи дархостиашон унвонии раиси ҷумҳур ҳосил шавад.

Аз суханони волидайни мухолифини собиқ:
Латофат Ботурова: «Бачаи ман ҳангоми зиндонӣ шуданаш 25 соли пур надошт. Ҳоло ҳафт со ласт, ки ду фарзанди ноболиғаш роҳи падар мепоянд. Мо камбағалона зиндагӣ мекунем, ҳарчи меёбем, худамон намехӯрему ба зиндон мебарем, то фарзандамон гурусна намонанд. Аз раиси ҷумҳур хоҳиш мекунем, ҳамин дафъа гуноҳи фарзанди маро гузашт кунад».

Саидалӣ Ҳасанов: «Шаш сол шуд, ки писарам дар зиндон аст. Ҷавонӣ карду аз рӯи нофаҳмӣ ва зери фишор ба гурӯҳҳои мусаллаҳ шомил шуд. Барои ин 15 сол равонаи зиндон шудааст, аммо дар афви соли гузашта ҷазои ӯро сабуктар накарданд...»

Ҷумъагул Саидова: «Мақомот фарзандони моро, нафарони ҳамин «Шайх Мансур»-у Раҳмон «Гитлер» гуфта боздошт карданд. Онҳо чун дигарон озодона дар кӯчаҳо мегаштанд, лекин бо иттиҳомоте, ҳарчанд ҷинояте накардаанд, бечораҳо чанд сол боз аз мо зиндаҷудо дар маҳбасҳо нишастаанд...»

Гулъизор Сангинова: «Шаш бародарам дар ҷанги хонумонсӯз нобуд шуданд, модарам низ. Бисёр хоҳиш дорам, ки ягона бародари зиндаи маро афв кунанд, то аз зиндон раҳо шаваду пеши мо биёяд. Вақте мо ба хабаргирии онҳо меравем, мегӯянд, ки агар ба озодӣ бароянд, дигар ҳеҷ амали нодурусте анҷом намедиҳем. Онҳо аз гуноҳи худ пушаймонанд...»

Ба назар чунин мерасад, ки пас ирсоли шаш номаи дархостии ин волидон оид ба афви размандагони мухолифини пешин ба унвони раиси ҷумҳур, мақомоти расмӣ ниҳоят ба ин масъала расидагӣ карданд. Қарор аст, ки чаҳоршанбеи 20-уми июн лоиҳаи Қонун «Дар бораи афв» ба баррасии порлумони кишвар гузошта шавад.

Дар ҳамин ҳол, Ҷалолиддин Маҳмудов, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, гуфт, бо вуҷуди инки раиси ҷумҳур бо пешниҳоди лоиҳаи ин қонун мехоҳад худро ҳамчун қаҳрамони асосии сулҳи тоҷикон ҷилва диҳад, қабули лоиҳаи нави қонун аз сӯи порлумонро аъзои собиқи Иттиҳоди нерӯҳои мухолифини тоҷик хуш истиқбол мекунанд: «Аз ин кор ҷониби собиқ мухолифин ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бисёр шод мешаванд, аммо набояд аз ин суиистифодаи сиёсӣ кард».

Дар сурати ба тасвиб расидани қонуни нави афв, он 12-умин афв дар солҳои истиқлолияти Тоҷикистон хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG