Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи амалиёти поккорӣ дар шимоли Бағдод


Ин амалиёти густарда ба таври ногаҳонӣ бо ҳамлаҳои ҳавоиву заминӣ дар пиромуни Бақуба, маркази вилояти Даёла, 60-километрии шимоли Бағдод оғоз ёфт.Худи Баъқуба низ ҳадафи ин амалиёт қарор дорад.

Бино бар иттилоъи низомиёни амрикоӣ, дар пайи чанд соати аввали шурӯъи амалиёт дар ҷараёни амалиёт алакай 22 ҷангӣ кушта шудаанд. Гуфта мешавад, амалиёти густарда дар вилояти Даёла, ки як ҷабҳаи нави набард бо ҷангиёни ироқиро боз мекунад, дар посух ба тағйири тактикаи чирикиҳо гирифта шудааст.

Амалиётҳои густардаи қаблан дар Бағдод ва вилояти ғарбии Анбор рӯидастгирифтаи нирӯҳои таҳти раҳбарии Амрико гурӯҳҳои чирикиро маҷбур кард, то ин ду қаламравро тарк гуфта, фаъолиятҳои худро ба бахшҳои дигари Ироқ кӯчонанд.

Пентагон, вазорати дифоъи Амрико, ҳанӯз рӯзи чоршанбеи гузашта гуфта буд, ки афзоиши ҳамалоти ҷангиён дар вилоёти Даёла ва Нинева ба муваффақиятҳои нерӯҳои эътилоф дар қисмати марказии Ироқ таҳдид мекунанд.

Таййи чанд моҳи ахир вилояти Даёла ба маркази фаъолиятҳои чирикиҳои суннӣ, бо шумули созмони «ал-Қоъида» дар Байнаннаҳрайн ва дигар гурӯҳҳои ҷангии суннӣ, табдил ёфтааст. Воқиъан, чирикиҳои суннӣ то имрӯз аз қаламрави ин вилоят ба ҳайси як пойгоҳ истифода мебурданд. Феълан дар ин минтақа шибҳинизомиёни шиъӣ низ фаъол ҳастанд.

Даёла як вилояти умдатан кишоварзӣ буда, сокинонаш омехта аз мардумони сунниву шиъӣ мебошад.

Чунин сурати ҳол минтақаро дар ҳоли наздик ба инфиҷор нигоҳ медорад, чунки гурӯҳҳои тундрав ҳароина дар талош ҳастанд хушунатҳои байнимазҳабиро дар инҷо доман зананд. Дар ҳамин ҳол рӯёрӯиҳои байни гурӯҳҳои ҷангӣ то имрӯз ҳазорон нафар аз мардуми ин диёрро маҷбур ба тарки маҳалли зисташон кардааст.

Ва аммо, дар ҳоле, ки вилояти Даёла ҳамоно ҳамчун маркази феълии хушунатҳо дар Ироқ ба назар мерасад, дар гузориши Пентагон ҳамчунин таъкид бар афзоиши ҳамалоти ҷангиён дар шаҳри ҷанубии Басра ва минтақаҳои шимолии Мувсилу Талофар шудааст, ки замоне дар ҷумлаи ҷазираҳои дорои як суботи нисбӣ номбар мешуданд.

Амалиёти густурда дар вилояти Даёла алайҳи ҷангиён чанд рӯз баъд аз такмили нерӯҳои Амрико дар Ироқ ва ба 160 000 расидани шумори сарбозони он шурӯъ шуд.

Ҳамоно оғози ин амалиёти поккорӣ дар ҳолест, ки хушунатҳо дар бахшҳои дигари Ироқ ҳамчунон идома доштаанд. Ҳамагӣ чанд соат баъд аз шурӯъи амалиёт дар Даёла дар Бағдод бар асари як инфиҷори бузург даҳҳо нафар куштаву захмӣ шуданд. Ҳамчунин дирӯз дар Бағдод як сарбози амрикоӣ аз тири чирикиҳо кушта шудааст. Дар Курдистон бошад чирикиҳо чаҳор сарбози курдро, ки ба хотири назорат бар ҷараёни қуюди шабгардӣ роҳии Бағдод будаанд, ба ҳалокат расонданд. Дар ду рӯзи задухӯрдҳо байни нерӯҳои пулиси Ироқ ва ҷангиёни зери раҳбарии рӯҳонии тундрави шиъӣ Муқтадо Садр дар Носирия 35 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG