Пайвандҳои дастрасӣ

Эмбаргои кумак ба фаластиниён лағв шуд


Иёлоти Муттаҳида ва Иттиҳодияи Аврупо ба ҳукумати нави изтирории Фаластин кумаки мустақими молӣ хоҳанд кард.


Кондализа Райс, котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, дирӯз изҳор кардааст, ки Вошингтон эмбарго барои кумаки молӣ ба Фаластинро лағв мекунад. Котиби давлатӣ ҳамчунин гуфт, кишвараш ба хотири кумак ба фирориёни фаластинӣ 40 миллион доллар ҷудо кардааст, ки, қарор аст, ин маблағ аз тариқи идораи Созмони Милали Муттаҳид дар умури паноҳандагон ба оворагони фаластинӣ ироъа хоҳад шуд.


Дар ҳамин ҳол Ҳавиер Солана, масъули сиёсати хориҷии Иттиҳоди Аврупо, гуфтааст, ки иттиҳод мехоҳад ба минтақаи Ғаза ёрии башарӣ интиқол диҳад, аммо бидуни дахолати гурӯҳи «Ҳамос».


Иттиҳодияи Аврупо қаблан ҳамчунин эълом дошта буд, ки ҳукумати нави изтирории Фаластинро эътироф карда, омода аст бо он ҳамкорӣ кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG