Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ТадАЗ - ғолиби давраи аввали мусобиқот


Қаҳрамони феълии футболи Тоҷикистон дар даври ёздаҳум дар меҳмонӣ бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба кард. Голи ягонаро дар ин дидор легионер ё бозигари даъватшуда аз Узбакистон Аббос Абдуллоев ба самар расонд.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи 10 бозӣ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 30 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров низ дар сафар CSKA «Помир»-и Душанберо бо натиҷаи 4 бар 0 шикаст дод. Воқеъан, се голро дар ин бозӣ ҳамлагар Нӯъмон Ҳакимов ба ҳадаф расонд ва ӯ бо 11 гол беҳтарин голзани давраи аввали мусобиқот гардид. Аббос Абдуллоев бо 10 гол дар ҷойи дуввум мебошад.

«Парвоз» бо 24 имтиёз дар ҷойи дуввум қарор гирифтааст.

«Энергетик»-и Душанбе низ дар меҳмонӣ бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 5 бар 2 ғолиб омад.

Ду бозӣ ба нафъи мизбонон хотима ёфт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 0 ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ғалаба карданд.

Се даста - «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа, «ХИМА»-и Душанбе ва «Вахш»-и Қӯрғонтеппа 17-имтиёзӣ ба даст овардаанд. Шумораи ғалабаашон низ баробар аст, вале аз рӯи таносуби беҳтари тӯбҳо «Тоҷиктелеком» нисбат ба рақибони худ болотар - дар зинаи севвум ҷойгир шудааст. «ХИМА» дар ҷойи чаҳорум ва «Вахш» дар ҷойи панҷум қарор гирифтаанд.


СОҲИБОНИ ҶАВОИЗИ "ОРИЁН"
Мусобиқаи ҷумҳуриявӣ оид ба гуштии дзюдо байни наврасон бахшида ба ҷашни 10-солагии Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва 80-солагии ноҳияи Рӯдакӣ бо ибтикори бошгоҳи варзишии «Ориён» дар варзишгоҳи хоҷагии «Улҷабой»-и ин ноҳия баргузор шуд.

Дар ин мусобиқа ҳудуди 250 варзишгари наврас аз вилоятҳои Хатлону Бадахшони Кӯҳӣ, шаҳру навоҳии тобеъи марказ ва пойтахти кишвар ширкат карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи синну сол ва вазни худ гуштигирони шаҳри Душанбе Аҳлиддин Алиев, Ҳабибулло Асадуллоев, Шӯҳрат Фахризода ва Асадуллоҳи Тоҳир, паҳлавонони вилояти Хатлон Тағоймуроди Музаффар, Муҳаммади Нураҳмад, Темур Баҳромӣ ва Ҳусниддини Муҳаммадназар ва Муҳаммадҷон Меликов, аз ноҳияи Рӯдакӣ соҳиби ҷойҳои аввал шуданд.
XS
SM
MD
LG