Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи таҳқиқи инфиҷор дар Душанбе


Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар робита ба инфиҷори ахир дар сохтмони додгоҳи олии ин кишвар аз рӯи моддаи 179-и Қонуни ҷиноии Тоҷикистон бо иттиҳоми амали террористӣ парвандаи ҷиноӣ боз кардааст.

Қурбоналӣ Муҳаббатов додситони шаҳри Душанбе дар сӯҳбат ба радиои «Озодӣ» гуфт дар натиҷаи таркиш танҳо чанд тирезаи маҷлисгоҳи додгоҳи олии кишвар хароб шуда, вале ҳанӯз навъ ва ҳаҷми маводи таркандаи инфиҷор мушаххас нагардидааст. Оқои Муҳаббатов фарзияи сиёсии инфиҷор дар бинои додгоҳи олии Тоҷикистонро рад ва ҳамчунин афзуд тафтишоти парвандаи мазкур зери назорати додситонии кулли Тоҷикистон қарор дорад.


Аммо ин дар ҳолест, ки инфиҷор дар ростои ҷашни 10- умин солгарди имзои Созишномаи истиқрори сулҳи тоҷикон сурат гирифтааст. Ба ба назари коршиносон инфиҷори мазкур амали тарҳрезишуда нест ва ба хотири ноором сохтани вазъи сиёсӣ дар кишвар анҷом нагирифтааст. Ҳикматулло Сайфуллозода, раҳбари маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тахмин мезанад, ба ҳар сурат ин инфиҷор метавонад ҳушдори афроде бошад, ки фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва авфи ҷанги шаҳрвандиро дар худ эҳсос накардаанд.


Ва аммо оқои Сайфуллозода фарзияеро, ки инфиҷори мазкур эҳтимол аз сӯи худи мақомоти Тоҷикистон ба хотири омодагии кулли нирӯҳои интизомӣ дар арафаи таҷлили ҷашни 10 солагии имзои созишномаи сулҳи тоҷикон, анҷом додааст, рад мекунад. Ин дар ҳолест, ки моҳе қабл бар тибқи як дастури додгоҳи олӣ низоми вуруд, аз ҷумла вакилони дифоъ ба бинои ин додгоҳ маҳдуд карда шуд, ки сару садоҳое дар атрофи ин иқдомро ба бор оварда буд.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG