Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти як подполковники милиса дар Қурғонтеппа


аф

Ахиран як афсари аршади умури дохилаи вилояти Хатлон бо иттиҳоми гирифтани ришва дастгир шудааст.


Бино ба иттилои Сироҷиддин Нуров, сардори раёсати дар Хатлон будаи Ожонсии мубориза бо фасод ва ҷиноёти молии Тоҷикистон, муовини сардори шуъбаи кофтукоби ҷиноии РКД-и Хатлон подполковники милиса Раҳматуло Мамедов дар яке аз ошхонаҳои шаҳри Қурғонтеппа ҳангоми гирифтани ришва дар ҳачми 1000$ аз шаҳрванд Манучеҳр Сабзаев боздошт шудааст.


Гуфта мешавад, ин афсари аршад пештар низ аз Манучеҳр Сабзаев, ки гӯиё нисбати ӯ барои даст доштанаш дар як ҷиноят парвандаи ҷиноӣ боз шуда бошад, 3000 доллар ришва ситонида будааст.


Ин навбат Манучеҳр Сабзаев ин маблағро пайдо карда натавониста, бо шикоят ба ожонсии мазкур муроҷиат кардааст.


Боздошти Раҳматулло Мамедов дар як амалиёти муштараки кормандони дастгоҳи марказии Ожонисии зидди фасод ва ҷиноёти молии Тоҷикистон ва раёсати вилоятии он сурат гирифтааст.


Ва ин дар ҳолест, ки дар даҳ рӯзи ахир ин дафъаи дувум аст, ки кормандони соҳибмансаби устони Хатлон бо даст доштан дар тамаъҷӯӣ ва гирифтани ришва боздошт мешаванд.


Абубакри Файзалӣ, Қурғонтеппа.
XS
SM
MD
LG