Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 35 пулиси афғонӣ дар пайи як инфиҷори террористӣ


Дирӯз дар Кобул, пойтахти Афғонистон, бар асари як таркиш дар автобусе, ки дар он кормандони пулис савор буданд, 35 нафар ҳалок гардида, теъдоди зиёди одамони атрофи автобус ҷароҳатҳои вазнинбардоштанд.


Мақомоти Афғонистон ин инфиҷори бесобиқаро бузургтарин ҳамлаи террористӣ баъд аз суқути Толибон арзёбӣ мекунад. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи Толибон бар дӯш гирифт.


Дар ҳамин ҳол ҳамчунин дар ҷануби Афғонистон мошини неруҳои байнулмилалӣ дар майни рӯи раҳ инфиҷор шуд, ки дар натиҷа се тан аз низомиёни нерӯҳои таҳти фармони NATO ва як тарҷумони афғон ба ҳалокат расиданд.
XS
SM
MD
LG