Пайвандҳои дастрасӣ

Путин - барандаи ҷоизаи манфӣ


Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин барандаи ҷоизаи манфии барои нобуд сохтани журналистикаи мустақил эълон шуд.


Дар ин бора 17-уми июн кормандони расонаҳои хабарии беш аз 20 кишвари олам дар як конфаронс дар шаҳри Ҳамбурги Олмон тасмим гирифтанд.


Ба гуфтаи Олег Панфилов, раиси Маркази журналистикаи изтирории Русия, тасмими конфаронси Ҳамбург бар пояи вазъи озодии матбуот дар Русия ва, аз ҷумла, коҳилӣ дар пажӯҳиши куштори хабарнигор Анна Политковская гирифта шудааст.
XS
SM
MD
LG