Пайвандҳои дастрасӣ

Инфиҷор дар наздики Додгоҳи Олии Тоҷикистон


RD

Ҳудуди соати шаши баъд аз зуҳри рӯзи 16 июн дар сохтмони Додгоҳи олии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони Саъдии Шерозӣ инфиҷоре ба вуқӯъ пайваст. Бар асари ин инфиҷор касе осеб надидааст, аммо дару тиреза ва шишҳои толори ҷаласаҳои додгоҳ фурӯ рехтааст.
Дар айни ҳол атрофи Додгоҳи олӣ ва ҷодаҳое, ки ба он мебарад аз ҷониби нируҳои амниятӣ ва пулис масдуд шуда ва мақомоти тафтишотӣ саргарми таҳқиқи ин ҳодиса мебошанд.
Қурбоналӣ Муҳаббатов додситони шаҳри Душанбе зимни боздид аз маҳалли инфиҷор гуфтааст, ки ин ҳодиса як амали терористӣ ба манзури эҷоди тарсу ваҳм ва даҳшат дар ҷомеа мебошад.
Ҷузъиёти бештари ин таркиш, ба шумули омилони он, миқдори маводи мунфаҷираи коргузошташуда ва навъи он, ба гуфтаи мақомоти интизомӣ то кунун маълум нест.
Додситони шаҳри Душанбе таъкид кард, ки дар ин замина парвандаи ҷиноӣ боз шуда ва таҳқиқ идома дорад.
XS
SM
MD
LG