Пайвандҳои дастрасӣ

Раҳматулло Зоиров дубора раиси ҲСДТ интихоб шуд


Раҳматулло Зоиров дар анҷумани даҳуми Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон, ки рӯзи 16 июн дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, муҷаддадан барои чор сол раиси ин ҳизб интихоб шуд.
Оқои Зоиров зимни арзёбии фаъолияти ҳизбаш таъмини якпорчагӣ дар ҳайати онро аз комёбиҳои умдаи ҲСДТ дар чаҳор соли гузашта унвон кард. Раиси ҳизби сотсиал-демократии Тоҷкистон бо ишора ба ҷудоиандозӣ дар сафои ҳизби Сосиалистӣ ва ҳизби Демократӣ ва низ истеъфои бархе аз масъулин созмонҳои ибтидоии ин ҳизб гуфт, талошҳо барои эҷоди шикофу хилоф ва ҷиноҳбандӣ дар ҳизби ӯ низ вуҷуд доштааст. Вале гуфт, оғои Зоиров, ҲСДТ чандин чунин имтиҳонро тӯли бештар аз як соли гузашта пушти сар гузошт.
Раҳматтулло Зоиров гуфт, ҲСДТ ҳамчунон ба усул ё хати маши худ идома медиҳад, вале имкон дорад дар равиш ё роҳҳкорҳои расидан ба ҳадаф таҷдиди назар кунад. Ӯ аз ҷумла афзуд, ки ҲСДТ мухолифи давллат нест, балки мухолиф ва ё оппозитсияи курс ё равишест, ки ҳукумат дунбол мекунад, ки ин мавқеъгириро набояд мухолифат бо давлат унвон кард.
Анҷумани имрӯзаи сосиал демократҳо дар ду марҳила баргузор гардид ва дар маҳалаи аввали он намояндагони аҳзоби дигари сиёсии кишвар ва сафоратхонаҳои кишварҳои хориҷии муқими Душанбе ширкат доштанд. Дар марҳилаи баъдӣ, ки пушти дарҳои баста доир шуд, сотсиал-демокаратҳо ба масоили дохилӣ ва барасии бурду бохти дохилии худ пардохтанд.
ҲСДТ дар соли 1998 бо номи Ҳизби адолат ва тарақиёт таъсис шуд, вале бо гузашти андаке вақт фаъолияти онро мақомот мутаваққиф карданд. Танҳо дар соли 2002 ин ҳизб бо номи ҲСДТ дубора иҷозаи фаъолияти расмиро касб кард.
XS
SM
MD
LG