Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сарвазири нави Фаластин ва идомаи ташаннуҷ


Мақомоти фаластинӣ мегӯянд, Маҳмуд Аббос - раиси маъмурияти худгардони Фаластин вакили мустақили порлумони Фаластин Салом Фуъодро сарвазири ҳукумати фавқулодда таъин кард. Фуъод вазири молия дар ҳукумати ваҳдати миллии фаластиниҳо буд ва дар ҳоле сарвазир эълон шудааст, ки Аббос ҳукумати таҳти сарварии гурӯҳи Ҳамосро ба истеъфо фиристод. Сарвазир Исмоил Ҳания аз номи Ҳамос гуфт, ҳукумати ӯ фармонҳои шитобзадаи Маҳмуд Аббосро нодида мегирад.
Дар ин байн нируҳои гурӯҳи ситезаҷӯи Ҳамос имрӯз бо шикаст додани ҷиноҳи рақиби Фатҳ ва ишғоли қаламравҳои дигар ҳокимияти худро дар Ғазза тақвият доданд. Назорати Ғаззаро Ҳамос баъд аз панҷ рӯзи ҷангҳои давомдор ба даст овард, ки дар ҷараёни онҳо беш аз 80 нафар кушта шуд. Ҷиноҳи нисбатан мӯътадили Фатҳи раёсати Маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос дар Каронаи Ғарбии рӯди Урдун бартарӣ дорад.
XS
SM
MD
LG