Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши худкушӣ дар миёни наврасони Варзоб


Хонум Ҳалима, пизишки хонаводагии деҳаи Дуоба, мегӯяд: «Ҳаминхел шунидем, ки волидонаш ӯро ба як хешашон номзад кардаанд ва ӯ худро ба дарё партофтаст».

Нигаронӣ аз хабари даст ба худкушӣ задани 8 наврас таййи як моҳи ахир моро ба ноҳияи Варзоб бурд.
Дар деҳаи Чорбоғ мо ба як хонаи мусибатзадае рафтем, ки фарзанди 14 солаи ин хонавода низ худро ба дор овехтааст. Ҳоло аъзои ин оила бо дард мегӯянд, ки писари онхо ҳеҷ мушкиле надошт ва чизе ӯро азият намекард. Фазилат Усмонова модаркалони ин наврас мегуяд: «Падару модараш ба мардикорӣ рафта буданд ва ӯ бо мо монд ва одат кард, дигар ба хонаашон барнагашт. Як рӯз ӯ моро ба меҳмонӣ равон кард ва ногоҳ фаҳмидем, ки худашро овехтааст. Омадам.....дар рӯи хона ҷавонмарг...... »

Аҷиб ин буд, ки айнан бо хамин тарз дар деҳаи хамсоя, деҳаи Сари кӯтал низ Таҳминаи 13 сола худро ба дор овехтааст.

Модари Таҳмина мегӯяд, духтараш рӯзе аз мактаб бо табъи хира баргашт ва ӯ, ки машғули кори хона будааст, фурсати ҳамроҳаш сӯҳбат карданро наёфтааст, баьд аз чанд лахза ҷисми сарди ӯро дар оғил пайдо мекунад: «Хоҳараш омада гуфт, оча Таҳмина дар оғил дар гарданаш банд аст. Давида рафтам, бандро базӯр аз гарданаш ҷудо кардам. Таҳмина, фарёд задам, нафас додам, аммо ҳеҷ ба худ наомад. Ман сабаби маргашро нафаҳмидам...... бо ӯ сӯҳбат накардам....духтари ман аз чизе кам набуд.....»

Дар ҳамин замина пизишки оилавии хонум Ҳалима меафзояд, иллати аслии даст ба худкушӣ задани наврасон ба вижа духтарон, хушунати хонаводагӣ аст, ки дар натиҷа онхо роҳи халосиро танҳо дар худкушӣ мебинанд: «Мисол як духтарро падараш мегӯяд духтарро чию хонданаш чи? Духтарак гуфт, ман худама ба дарё меафканам. Ҳозир хуни онҳо дар айни ҷуш аст».

Зарагул Усмонова як сокини ноҳияи Варзоб мегӯяд, ҳодисаҳои худкушии ҷавонону наврасон дар ноҳия меафзояд ва иллати ба худкушӣ даст задани онҳо мушкилоти равонӣ аст, ки иродаи онҳоро ноустувор мегардонад: «Мо инро дарк кардем, ки дар айни хубии зиндагиашон, вақти хӯрдану пӯшидан ва мактабхондан, бе ҳеҷ мушкил худро мекушанд».

Абдураҳмон Хонов, корманди кумитаи кор бо чавонон, мегӯяд, мушкилоти иҷтимои, сатҳи пасти зиндагӣ, муносибати нобаробар дар оила, зуроварӣ ва бекории шадид ҷавононро аз зиндагӣ дилсард месозад. Ӯ мегӯяд, барои пешгирии худкушии ҷавонон гузаронидани чорабиниҳои омӯзишӣ лозим нест, балки барояшон имкони доштани зиндагии хубу арзандаро бояд фароҳам овард: «Сатҳи зиндагии ҷавононро бояд баланд бардоранд, ба кор таъмин кардани ҷавонон бояд яке аз масъалаҳои асосии ҳукумату ҷомеъа бошад. Агар ба ин масъалаҳо мо таваҷҷуҳ нанамоем ва ин масъалаҳо ҳалли худро наёбанд, ин мушкилоти даврони гузариш аст ва бисёри ҷавонон ба мушкилоти ин давра тоб оварда наметавонанд, зеро на ҳамаи онҳо иродаи матину устувор доранд, ин метавонад ба ҳодсиаҳои худкушии ҷавонони зиёд сабаб шавад».

Ин дар ҳолест, ки дар гузашта ҳодисаҳои худкушии наврасону ҷавонон дар навоҳии дигар низ кам набудааст. Гуфта мешавад, дар ноҳияи Ваҳдат дар се моҳи аввали соли 2007 14 ҷавон қасд ба ҷони худ кардаанд.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG