Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳзоби сиёсӣ дар минтақаи Рашт


Уэн Танг масъули масоили сиёсӣ ва иқтисодии сафорати Амрико дар Тоҷикистон фаъолияти аҳзоби сиёсии ин кишварро дар минтақаи Рашт камранг арзёбӣ кард.

Хонум Танг ин матлабро дар пайи мулоқот бо намояндагони бахшҳои маҳаллии аҳзоб дар ноҳияи Рашт баён доштааст. Вай дар суҳбати бидуни микрофон ба радиои Озодӣ гуфт фаъолияти ҳизбҳо дар минтақа бо ҳам шабеҳ ва аз ҳам фарқе намекунад. Вале Абдураҳмон Сабурӣ роҳбари бахши кадр ва омӯзиши сиёсии ҲНИТ дар минтақаи Рашт дар вокуниш ба ин ҳарфҳо ба радиои Озодӣ гуфт барномаҳои бахшҳои маҳаллии аҳзоб ҳар кадом вижагиҳои худро дорост ва ин ки онҳо шабеҳи ҳам фаъолият мекунанд чандон дуруст нест. Аммо Илёсиддин Ҷаъфаров раиси ҳизби демократ дар ноҳияи Рашт камрангии фаъолияти аҳзобро дар минтақа бештар ба мушкилоти молӣ марбут донист. Ӯ гуфт маҳз ба ин далел фаъолияти ҲДТ дар минтақа ба таври матлуб имрӯз назаррас нест. Дар ҳамин ҳол коршиносони маҳаллӣ низ таъйид менамоянд,ки фаъолияти ҳизбҳои сиёсӣ дар водии Рашт чашмгир нест. Дар мулоқот бо намояндаи сафорати Амрико дар Тоҷикистон дар ноҳияи Рашт танҳо масъулини ҲХДТ,ҲНИТ,ҲДТ ширкат намуданд.

Маҳмуди Шодӣ, Рашт
XS
SM
MD
LG