Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаро хушунатҳои хонаводагӣ афзойиш меёбанд?


Фирӯзаи Мухтор Қазияи бархурди занон бо хушунати хонаводагӣ зимни як ҳамоиш дар шаҳри Душанбе мавриди муҳокимаи намояндагони васоити ахбори умум қарор гирифтааст

Дар ин ҳамоиш масоили масьалаҳои марбут ба хушунати хонаводагӣ ва аз ҳам пошидани хонаводаҳои ҷавон аз тарафи намояндагони мақомоти қудратӣ ва васоити ахбори умум мухокима гардид. Искандар Усмонов ҳамоҳангсози лоиҳаи ташкилоти ғайридавлатии тараққиёти иҷтимоӣ мегуяд, яке аз масьалаҳои ташвишовар дар ҳоли хозир ин ташвиқот набурдани телевизиони давлатӣ мебошад. Зеро барои тарғиби масоили умда телевизион дар ҳамкорӣ бо Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати кишвар бояд кор баранд.


Вале муттаассифона меафзояд оқои Усмонов аз тарафи мақомоти давлатӣ ин кор ба назар намерасад. Наргис як тан зани ҷудошуда мегӯяд, ки бинобар сабабҳои дахолати шавҳар ва хушдоман оилааш вайрон гардидааст. Ба гуфтаи Гулнора Аҳророва сардори Маркази боварии Кумитаи кор дар аввали панҷ моҳи аввали соли равон ба ин марказ зиёда аз 600 нафар занони дучори хушунат гардида муроҷиат кардаанд.


Қурбон Олимов корманди вазорати корҳои дохилаи кишвар мегӯяд, ки рупӯш кардани қазияҳои оилавӣ аз тарафи ҳам муттасаддиёну мақомот ва ҳам аз тарафи шаҳрвандон ин худ ҷиноят аст. Ӯ мегуяд, ки дар ноҳияи Нуробод марде зани худро лату кӯб намуда, дасту пояшро шикастааст,ки дар натиҷа ба зан, на кӯмаки тиббӣ ва на молӣ расонида шудааст. Ин нишон медиҳад, ки мо ҳуқуқхои худро намедонем, ва бинобар ин ба мушкилиҳои зиндагӣ тез тез дучор меоем, меафзояд, оқои Олимов .

Фирӯзаи Мухтор, Душанбе.
XS
SM
MD
LG