Пайвандҳои дастрасӣ

Савтҳои Бадахшон дар Маскав (Аксҳо)


шаҳри Маскав Боғшоҳ Лашкарбеков Аввалин озмуни соҳибони муҳоҷири фарҳанг ва ҳунари мардуми Бадахшон

Ҳунарпешагони бадахшонии муқими Москав, ба хотири зиндадории фарҳангу маънавиёти миллӣ ва ба хотири қуввату илҳоми тоза бахшанд ба муҳоҷирони ранҷбари тоҷик, дар муддати кӯтоҳ як барномаи басо ҷолибу рангоранги фарҳангӣ таҳия намуда, пешкаши мухлисони сершумори худ гардонданд. Иддае аз санъаткорони шомили барнома, ки ҳатто рӯзи истироҳат ҳам дар сохтмонҳои Маскав кор мекарданд, барои чанд соат аз баландтарин ошиёнаи иморатҳои навсоз ба зер омада, сӯи озмунгоҳ раҳсипор гаштанд ва филҳол ба ивази чакушу бел тору рубоб ва дафу доираро ба даст гирифта, ба омодагӣ шурӯъ намуданд.

Санъаткорони бинокор танҳо ду соат дар ихтиёр доштанд, то панҷаҳояшонро ба навохти мусиқӣ моил гардонад. Мутаасифона, иддае аз ҳунарпешагони моҳири мо, ки дар фурӯшгоҳу бозорҳои шаҳр кор мекунанд, натавонистанд дар ин базми ҷамшедӣ ширкат варзанд, зеро якшанбе рӯзи тиҷорат аст ва корфармоён аз даст додани як қиронро ҳам таҳаммул надоранд. Дар асари он, ҳаводорон аз рақси сеҳрангези артисти хизматнишондодаи Тоҷикистон Шоиста Мамадасейнова ва аз назокати хониши равшандилони Рӯшон маҳрум гаштанд.

Озумуни аввалини «Созу навои Бадахшон» бо ибтикори Созмони иҷтимоии «Нур» дар Хонаи Фарҳанги «Медик» баргузор гардид. Ин иқдом ҷузъе аз барномаҳои фарҳангии Созмон буда, ҳадафи он – ҳифозат ва таблиғи мусиқии суннатӣ ва дар рӯҳияи фарҳанги миллӣ тарбия намудани насли наврас аст, насле, ки аксаран дар хоки Русия ба дунё омада, дур аз муҳити фарҳанги миллӣ ба камол мерасад. Бо баргузории муттасили маҳфилҳои фарҳангӣ ва шабҳои маърифат, ки анқариб ҳар якшанбе дар гӯшаҳои гуногуни Маскав доир мегардад, Созмони "Нур" талош менамояд то ҳамин маҳрумият аз муҳити фарҳангро то андозае ҷуброн намояд ва барои ташнагони маънавиёти миллӣ, қатраи оби ҳаёт тақдим намояд.

Озмун мебоист ҷазабаи созҳои мусиқии миллӣ, аз қабили рубоб, тор, сетор, тамбур, най, дафу доира, ва дилчаспии жанрҳои достонсароӣ, мадҳияхонӣ, фалак, дафсоз (хонишҳои гурӯҳии доирадастон), лалаик, булбулик, аспакбозӣ ва лапархониро собит намояд. Таваҷҷӯҳ ба хонишҳои куҳани мардумӣ, то андозае аз ҷониби мо оҳанги эътирозӣ дошт: эътироз алайҳи зӯроварии мусиқии электрунӣ, аз қабили синтезатор, ки на танҳо мавқеи асбобҳои миллиро ба маротиб танг намудааст, балки ба мавҷудияти минбаъдаи он шадидан таҳдид менамояд. Дар Ғарб ин хатари марговарро ба зудӣ эҳсос намудаанд ва имрӯз дубора дар роҳи эҳёи мусиқии аслӣ талош менамоянд. Миёни мардуми мо теъдоди синтезаторнавозон, чун замубурӯғҳои баъди борон ҳар лаҳза меафзояд ва бар акси он, теъдоди торнавозон сол ба сол кам мешавад. Ҳамин натиҷаи номатлуб буд, ки дар озмун садои сетору тамбур ба гӯш нарасид, гарчи ин созҳоро низ бо худ доштем.

Мусиқии бадахшонӣ ёдгории нодире аз тамаддуни бостонии минтақаи баландкӯҳи Осиёи Марказӣ аст. Ин мусиқӣ дар асари омезиши суннатҳои мусиқии мардумони бумии ғайри ориёнии Бадахшон, ки аз қадимулаём дар ин сарзамин умр ба сар мебурданд, бо фарҳанги ақвоми эронинажод, ки 2700 сол қабл ин мантақаро зери тасарруфи худ дароварда буданд ба вуҷуд омада, баъдан дар тули асрҳо аз дастовардҳои ҳамсоягон ғанӣ гардидааст. Мусиқии Бадахшонӣ сабки хоси худро дорад ва дар баъзе маворид чи аз лиҳози санати навозандагӣ ва чи овозхонӣ бе мислу монанд аст. Изофатан ҳар қавм, ҳар водию дараи Бадахшон, дорои забони хоси худ, анъаноти хоси худ ва сабки хоси мусиқӣ мебошад. Бо дарназардошти ин амр дар озмун ба ҳар ноҳияю минтақа вақти муайян дода шуд, то ҷанбаъҳои мухталифи ҳунари мардумиро ба табъи ҳозирони нуктасанҷ расонанд.

Барномаро ҳунармандони ноҳияи Шуғнон оғоз намуда, баъдан ба навбат гурӯҳои ҳунарии вахониҳои муқими водии Вахш, (падаркалонони эшон 60 сол қабл аз Афғонистон ба ин ҷо ҳиҷрат намудаанд), ноҳияи Ишкошим ва дар охир санъаткорони Рошқала бо ҳунари волои худ қалби тамошобинонро ба ваҳщ оварданд. Аз ҷазабаи мусиқии кӯҳистон, ва аз завқи рақсу суруди миллӣ, агар Ҳофизвор васф намоем:

Гулу гулзор ба рақс омада буд,
Дару девор ба рақс омада буд.

Басо ҷолиб аст, ки кӯдакон дар ин базми фарҳангӣ на танҳо ба ҳайси тамошобин ширкат доштанд, балки ҳамчунон ба унвони сароянда ва раққос ҳунари волои худро намоиш доданд. Рақсҳои «Гулчин ва аспакбозон» дар иҷрои Лора, Рамеш ва Мақсудшо, «гулдухтарони Вахон» дар иҷрои Хурмо, Фарзона ва Меҳрангез аз тарафи доварон, баҳои баланд гирифтанд. Ин дастпарварони хореограф Лола Саидова як моҳ қабл дар Озмуни умумишаҳриӣ «Московский хоровод» ширкат намуда, ба гирифтани дипломи ғолиби мусобиқа ноил гардиданд.

Дар поёни барнома доварони сахтгири ин Озмун, Давлати Худоназар, филмсоз ва ходими намоёни ҷамъиятӣ, Мулло Ғуломмамадов, ходими театр ва кино, Лора Саидова, хореограф, Тоҳир Қаландаров, мардумшинос, Назаршо Акобиршоев, устоди коллеҷи шаҳрсозии Маскав, дар ҳузури тамошобинони сершумор роҷеъ ба ин базми фарҳангӣ мулоҳизаронӣ намудан. Эшон бахусус ба ҳунари мадҳиясароёни авлодӣ Муқими Ёқутхон ва Отамбеки Бежравдеҷ, гурӯҳи панҷнафарии иҷрокунандагони «дафсоз» аз ноҳияи Рошқала, ба лалаиксароии Галина Навоковна, булбуликсароии Малина Гулшерхонова, навозандаги ва лапархонии Зафари Раҳмат, ҳамчунон ба рақси помирии Фирӯза ва рақси аспаки Меҳмонхон Бозоров ва Мусулмонқул Томадов баҳои баланд дода, эшонро бо диплому таҳсинномаҳо ва ҳадяҳои хотиравӣ сарфароз гардонданд. Суханони файласуфонаи Давлати Худоназар дар иртиботи таскин бахшидани санъати мусиқию навозандагӣ ба рӯҳи инсон дар хотироти мухлисони ҳунари мардуми таъсуроти амиқе ба бор овард. Ин озмун рӯйдоди муҳимеест дар ҳаёти фарҳангии тоҷикони муқими Маскав.

Аз Озодӣ: Сипосгузорем аз бародари арҷманд Боғшоҳ Лашкарбеков, раиси Созмони «Нур» ва корманди аршади илмии Пажӯҳишгоҳи забоншиносии Фарҳангистони улуми Русия барои фиристодани ин иттилоъ ва аксҳои ҷолиб.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG