Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Радиои «Имрӯз» ба мавҷ мебарояд


Рӯзҳои наздик дар Тоҷикистон як родиёи нав мавсум ба «Имрӯз» ба пахши барномаҳояш шурӯъ хоҳад кард.

Радиои «Имрӯз» як тарҳи нави ширкати "Ориёно-Медиа" аст, ки ширкат ҷиҳати харидории таҷҳизоти фаннӣ аз «Ориёнбонк» 30 000 доллар қарз гирифтааст.

Масъулини ширкат мегӯянд, ки радиои «Имрӯз» расонаи сирф миллист ва ҳама барномаҳояш бо забони тоҷикӣ таҳия ва пахш мешаванд. Рустами Ҷонӣ, раиси ширкати ҳолдингии «Ориёно-Медиа», мегӯяд, ки, бо дарёфти муҷаввиз, радиои «Имрӯз» барномаҳояшро шабонарӯз, яъне 24 соат муттасил, дар саросари Тоҷикистон пахш хоҳад кард. Рустами Ҷонӣ меафзояд: «Зиёда аз 40 дарсади барномаҳо хабарӣ шуда, беш аз 40 дарсади дигари эфири моро тарона ва мусиқии тоҷикӣ ташкил хоҳад кард. 13 фоизи вақти радиоро пахши паёмҳои тиҷоратӣ ташкил мекунанд. Тамоми хабарҳо бо дарназардошти сабку услуби журналистикаи пешрав дар ҳошияи манфиъатҳои миллӣ ва фарҳанги миллии мо таҳия хоҳанд шуд».
XS
SM
MD
LG