Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро на барои ҳама наврасӣ давраи тилоист.


Нодир Ҳайдаров, як навраси 12-солаест, ки дар яке аз деҳоти вилояти Хатлон ба сар мебарад.

Ӯ таътили тобистонаи худро на дар истироҳатгоҳ, балки ба мисли аксари наврасони рустоҳои кишвар дар саҳро, дар замини кишт, зери офтоби сӯзон сипарӣ мекунад. Ӯ мегӯяд: «Ман соати панҷи саҳар аз хоб хеста, сари заминмон меоям. Мо дар заминамон пиёз, картошка, помидор парвариш карда, боз се гектар замини гандум дорем. Чобуқ мекунем, картошкаву помидор мечинем. Дар ин гармӣ кор кардан осон нест, бефара мешавем».

Новобаста ба наврасииаш Нодир ба мисли як марди калонсол қариб ҳама кори киштро худ ба уҳда доштааст. Ин мусоҳиби наврасам дар ҳавои гарму тафсони тобистон аз субҳ то бегоҳ ба нигоҳубини киштзор машғул будааст. Ҳамзамон дар ин соатҳои посбонӣ ӯ бекор наистода, гандум мекубидааст ва ҳосилҳои расидаро ҷамъовари карда, ба манзилашон, ки аз замини кишт хеле дур аст мефирситад. Ба ҳамин тартиб як рӯзи ин навраси 12-сола шом мешавад. Нодир мегӯяд, ӯ аксаран бегоҳ хаста шуда, дар саҳро шабро рӯз мекунад: «Якхел рӯзҳо шабҳо ҳаминҷо хоб мекунем ва ҳаминҷо хӯрок мехурем».

Мусоҳиби дигарам Сафар ном дорад, ки ҳамагӣ 7 сол дораду танҳо синфи якумро хатм кардааст ва ҳанӯз ба хубӣ навиштану хонданро наомӯхтааст, аммо тақдир ӯро низ ба бозори кор овардааст.
Сафар баробари модараш субҳ аз хона берун меояд. Модараш дар бозор ба себфурӯшӣ машғул аст, ва Сафар бо испанддудкунӣ пул ҷамъ мекунад: «Дар бозорчамон испанд дуд мекунам».

- Барои чӣ испанд дуд мекунӣ?
- Барои онки пулам медиҳанд.
- Чанд пул медиҳанд барои испанд дуд карданат?
- 20 дирам, 30 дирам ё як хелашон то як сомонӣ медиҳанд..
- Дар як рӯз чӣ қадар даромад мекунӣ?
- 3 сомонӣ ва як хел вақт то 5 сомонӣ...


Тибқи як назарсанҷии Маркази таҳқиқоти стратегии кишвар аз миёни 6 ҳазор кӯдаки хиёбонии Тоҷикистон 70 дарсади онҳо синни аз 12-сола боло дошта, ғолибан дар кӯчаву бозорҳо ба хизматарсонӣ, талбандагӣ ё дуздӣ машғул будаанд.

Ҷовид Ҷӯраев, як масъули Созмони наҷоти кӯдакон, мегӯяд, ҳамасола дар кишвар барои корҳои саҳроӣ ва ғунучини пахта 400 ҳазор нафар ҷалб мешаванд, ки 40 дарсади ин рақам, яъне 160 ҳазораш кӯдакону наврасонанд.

Гуфта мешавад, кӯдакон одатан ба корҳои саҳҳроие ба мисли нигоҳубини чорво ва замини кишт, ҷамъоварии ҳосил, хишова ва ғунучини пахта машғул мешаванд, ки ин дар аксари ҳолат монеъи рушди кӯдакону наврасони синни то 14-сола мегардад. Ҷовид Ҷӯраев: «Кӯдаки то 14-сола, ҳатто, агар хоҳиш ҳам дошта бошад, наметавонад, ки ба фаъолияти меҳнатӣ шурӯъ кунад. Ва дигар ин, ки қонунгузорӣ ба наврасон баъд аз синни 14-солагӣ инро иҷозат додааст, аммо чунин фаъолиятҳоеро, ки ба рушду камоли наврас мусоидат кунад. Ман фикр намекунам, ки пахтачаинӣ ба рушди наврасон мусоидат кунад».

Раҷабалӣ, сокинии ноҳияи Шаҳритус, дар як суҳбат ба «Ояндасоз» аз ҳоли бади наврасони рустои худ қисса кард, ки барои кишти заминҳо аз масофаи хеле дур об мекашонанд ва бо ин саломатии худро ҳанӯз аз синни наврасӣ аз даст медиҳанд: «Ҳар рӯз об мекашанд, дар як рӯз ҳатто то 100 литр. Бо сатилу конистраҳо кӯдакон об мекашанд. Баъд то саҳара бечораҳо аз хастагӣ хоб намераванд. Месулфанд, шароит душвор, ки боз барои вайҳо доруву укол харему табобаташон кунем».

Ин дар ҳолест, ки қонунгузории Тоҷикистон ҳамагуна кореро, ки барои рушду омӯзишу таълими кӯдак зиёновар аст, манъ мекунад.

Дар ин маврид бо Ҷалолиддин Амиров, як масъули вазорати маориф, суҳбат доштем ва аз ӯ пурсидем, ки оё фармону қарорҳои вазорат дар ин марвид чӣ мегӯянд. Ӯ гуфт: «Тибқи фармони президенти ҷумҳурии Тоҷикистон ба корҳои саҳроӣ ҷалб намудани кӯдакон дар давраи мактаб комилан манъ аст. Аммо дар сурати фориғ аз дарс бо хоҳиши худ ба хотири кумак кардан ба волидон онҳо метавонанд ба кори саҳро машғул бошанд».

Ба ақидаи коршинсон сабаби аслии рӯ овардани кӯдакон ба бозори меҳнат дар камбизоъатии оилаҳои онҳост ва дар ҳамин ҳол дар бозори кори Тоҷикистон низ талабот ба меҳнати кӯдакон мавҷуд аст. Ва аз ин рӯ ҳар кас кӯшиш мекунад, аз ин қувваи кории арзон суиистифода намояд.

Коршиносон муътақиданд, ки то замоне вазъи иқтисодии оилаҳои тоҷик беҳ нашавад, меҳнати кӯдак низ дар кишвар аз байн нахоҳад рафт.

oyandasoz@rferl.org
XS
SM
MD
LG