Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонаи Озодӣ: Ислоҳоти демократии Тоҷикистон дар ҳоли рукуд аст


Бо вуҷуди сурати зоҳирии гуногунандешии сиёсӣ дар чанд соли гузашта давлат монеъи фаъолияи мухолифин шуд ва раиси ҷумҳур Имомалӣ Раҳмон ҳамон сиёсати таъйини аъзои ҳукумат аз рӯи мансубияти маҳаллро идома дод.
Кристин Ивенсон таҳлилгари созмони Хонаи Озодӣ дар мусоҳиба бо бахши тоҷикии Радиои Озодӣ гуфт, ки яке аз мояҳои аслии нигаронӣ маҳз таммаркузи қудтар дар дасти раиси ҷумҳур Имомалӣ Раҳмон аст: «Он чӣ ки мо шоҳид шудем ва тамоюли бештар нигаронкунанда аст, таммаркузи қудрат дар дасти раиси ҷумҳур ва атрофиёни ӯ мебошад, на таммаркуз ба талошҳо барои ислоҳот».
Порлумони Тоҷикистон пойбанди ҳукумат монд, чун аксари аъзои он ё таъйин ва ё дар интихоботи номунсифона интихоб шудаанд. Хонаи Озодӣ, ки ба низоми интихоботии кишварҳо низ баҳо медиҳад, аз баҳои нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ба интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ёдовар шуда ва онро орӣ аз рақобати воқеъӣ номидааст.
Созмони Хонаи Озодӣ ба дар робита ба ҷомеаи шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки соли гузашта вазъи он бетағйир ва дар ҳоли рукуд монд. Ҳамингуна вазъи матбуоти мустақил низ. Дар соли 2006 ба гуфтаи Хонаи Озодӣ дар Тоҷикистон фаъолияти матбуоти мустақил тағйир наёфт. Агарӣ матбуот мисли солҳои гузашта шоҳиди ҳамлаҳои сахти давлати кишвар нашуд аммо ҳамзамон бо ин давлати Тоҷикистон ба расонаҳои нави мустақил иҷозаи фаъолият надод.
Хонаи Озодӣ мегӯяд, ки аз тарси аксуламали мақомоти расмӣ хабарнигорони тоҷик ҳамон таҷрибаи худсенсорӣ ва парҳез аз баррасии масоили баҳсбарангезро идома доданд.
Кристин Ивенсон ба Радиои Озодӣ гуфт, вазъияти равандҳои демократӣ дар Тоҷикистон мисли ҳамсоякишварҳо будааст:

Мо наметавонем бигуем, ки вазъи Тоҷикистон назар ба кишварҳои дигари Осиёи Марказӣ беҳтар аст. Вақте ба ҷадвали мо нигоҳ кунем, мебинед, ки ҳамаи ин кишварҳо тақрибан дар як радиф ҳастанд, яъне ҳукуматҳои авторитарианд, ки қудратро дар дасти худ таммаркуз додаанд. Ҳамчунин бо нигоҳ ба тавони ҳукуматҳо барои тассалут дар равандҳо мебинем дар дигар кишварҳо ба мисли Қазоқистону Туркманистону Узбакистон раиси ҷумҳур ва ёварони наздикаш дар таммаркузи қудрат бештар муассир будаанд .... ва ҳукумати Тоҷикистон низ саъй дорад ба ин тамоюли манфии ҳамсоягонаш пайравӣ кунад.

Созмон мегӯяд, низоми идораи демукротики маҳаллӣ дар Тоҷикистон низ дар соли 2006 шоҳиди пешрафт нашуд. Хонаи Озодӣ мегӯяд, агарчӣ камбизоатӣ дар маҷмӯъ коҳиш ёфт, вале аз рушди иқтисодии ночиз зоҳиран сокинони шаҳрҳои бузурги кишвар баҳравар шуданд, на рустоҳо. Тафовут дар даромади сарватмандону камбизоатон ва сокинони рустоҳову шаҳрҳо бузургтар шуд.
Баъди баҳои манфӣ гузоштан ба низоми демукротики маҳаллӣ Созмони Хонаи Озодӣ ба низоми додгоҳии Тоҷикистон пардохта ва мегӯяд, ки бо вуҷуди талошҳо барои ислоҳоти низоми додгоҳӣ , дар солҳои гузаште пешрафти каме ба даст омадааст.
Созмони Хонаи Озодӣ, ки мизони фасодкорӣ дар кишварҳоро низ баҳо медиҳад, гуфтааст, агарчӣ рушди ҳайратангези иқтисодии Тоҷикистон дар зарфи 5 соли гузашта, коҳиши ночизи камбизоатиро ҳосил додааст, аммо аз миқёси фасодкории фарогирро кам накардааст.
Ба гуфтаи Хонаи Озодӣ фасодкорӣ эҳтимолан сахттарин мусибати Тоҷикистони давраи гузариш боқӣ мемонад.
XS
SM
MD
LG