Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Кишоварзон пояи давлатанд ё ғуломи сармоядорон?


Ҳафтаномаи «Нигоҳ» зимни нашри як матлаб таҳти унвони «Сангак Сафаров: аз ҷиноят то сиёсат» зиндагинома ва шахсияти ин сарвари Фронти халқии Тоҷики стонро ба риштаи таҳлил кашидааст. Ҳафтанома овардааст, агар анархия баъди соҳибистиқлол шудани Тоҷикистон рух намедод, ин гуна ашхоси машҳур дар олами ҷиноии замони Шӯравӣ сари қудрат намеомаданд. Аммо муаллифи ин матлаб нигоштааст, ки Сангак Сафаров бозичаи дасти қудратталабон аз ҷумлаи коммунистони собиқ буд, аммо муваффақ ба он гашт, ки тайи 7 моҳи солҳои 1992 то 1993 дар сиёсати Тоҷикистон нақши муассир бозад. Муаллифи ин матлаб навиштааст, Сангак Сафарови дар олами ҷиноии даврони шӯравӣ «Патриоти зона», солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар дойираҳои ҳукумативу оппозитсион «Сангаки қаҳрамон», «Бобои миллат», «Фидел Кастрои тоҷик», «Восеи сонӣ» ва Сангаки алайҳилаъна ёд мешуд. Дар матлаб омадааст, аммо Сангак Сафаров ҳамон тавр ки тасодуфӣ ба майдони сиёсати Тоҷикистон омад, ҳамон гуна аз ин майдон дур карда шуд.

«Азия-плюс» нашрияи русизабони чопи Душанбе мавзӯъи ботил кардани қарзи деҳқонони пахтакори Тоҷикистон дар назди ширкатҳои фючериро, ки қаблан ҳукумати Тоҷикистон ваъда дода буд, ба риштаи таҳлил кашидааст. Муаллифи матлаб овардааст, «харитаи роҳ»-е, ки ҳукумати Тоҷикистон дар ин маврид пеш ниҳод кардааст, ҳанӯз натавонистааст ба ҳалли ин мушкил мусоидат намояд. Ҳафтанома аз қавли коршиносон овардааст, ки мушкил ду роҳи ҳал дорад: аввал, мусоидати Бонки ҷаҳонӣ ва Бонки Осиёии рушд ва дуввум, баъди раҳоӣ аз қарз дахолат накардани давлат ба фаъолияти деҳқонон.

Ҳафтаномаи «Факт и комментарии» мавзӯъи нишасти сарони кишварҳои ҳаштгонаи бузург ё G8, бахусус ҷойгузин кардани сохтори зиддимушакии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Аврупоро бо коршиносони тоҷик ба миён гузоштааст. Ҳафтанома аз қавли коршиносон овардааст, ки пешниҳоди Владимир Путин, раисҷумҳури Русия дар мавриди истифодаи муштараки пойгоҳи назорати кайҳонии Қабалаи Озарбойҷон ба нафъи Амрико аст. Коршиносон гуфтаанд, ин пешниҳоди Русия равобити ин кишварро бо Эрони исломӣ хатчадор месозад.

Ҳафтаномаи «Наҷот» нашрияи Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон дар матлабе ба унвони «Ҷаҳонишавӣ хатарнок аст?» нигоштааст, ки он чӣ имрӯз ҷомиаи Тоҷикистон аз ҷаҳонишавӣ омӯхтааст ва дидааст, ин аст, ки султаи иқтисодӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоии Ғарб ба ҷаҳон, пеш аз ҳама ба кишварҳои ҷаҳони ислом, минҷумла Тоҷикистон қавонини ғарбиро таҳмил мекунад.

«Фараж» нашрияи дигари мустақили Тоҷикистон зимни таҳти интиқод қарор додани барномаи «Наша Рашша»-и телевизиони ТНТ-и Русия овардааст, ин барнома ҳамеша бо масхараи муҳоҷирини тоҷик шурӯъ мешавад ва ин масхараро ҳеҷ интиҳое нест. Муаллифи матлаб навиштааст, корди кишварҳои абарқудрат болои равған аст ва пешорӯ мушкилоту камбуде надоранд ва ба ҳамин далел, дар қиболи мардуми парешону бесоҳибу бедифоъ ҳар кореро хоҳанд анҷом медиҳанд.
XS
SM
MD
LG