Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Боздошти ду устоди донишгоҳ ба иттиҳоми ришва


аф

Бино бар иттилои Сабзалӣ Одинаев, муовини мудири шӯъбаи ташкилии раёсати Ожонси давлатии мубориза бо фасод ва ҷиноятҳои молӣ, ду устоди Донишгоҳи Давлатии Қӯрғонтеппа ба иттиҳоми даст доштан дар ришва боздошт шудаанд.


Ба гуфтаи ҷаноби Одинаев, устодони донишгоҳи мазкур дотсент Рустам Тағоймуродов, декани факултаи филологияи тоҷик, ва профессор Искандар Икромов, мудири кафедраи адабиёти тоҷики ҳамин факулта, ҳангоми гирифтани ришва аз ду довталаби шӯъбаи журналистика дастгир гардиданд.


Онгуна ки намояндаи ожонсӣ тавзеҳ дод, боздошт замоне сурат гирифт, ки ҳар кадоми ин устодони муттаҳам бар ҷиноят аз ҳар яки ин довталабон барои шомил гардониданашон ба донишгоҳ нисфи маблағи ришваро ба миқдори 500-долларӣ дарёфт намуданд.


Гуфта мешавад, дар сурати дар додгоҳ тасдиқ шудани амали ҷиноят аз тарафи Р. Тағоймуродов ва И. Икромов ба онҳо муҷозоти кайфарии аз 7 то 12 сол маҳрумият аз озодӣ бо мусодираи амволи шахсӣ ва ахзи минбаъдаи ҳуқуқи кор дар вазифаҳои баланду роҳбарикунанда таҳдид мекунад.


Абӯбакри Файзалӣ, Қӯрғонтеппа.
XS
SM
MD
LG