Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шиъагони Ироқ ба сабурӣ даъват мешаванд


Эътилофи сиёсии раҳбари шиаҳои Ироқ Муқтазо ас-Садр дар вокуниш ба инфиҷори яке аз муқаддасоти кишвар масҷиди ал-Аскарӣ дар шаҳри Самарои Ироқ ширкати худ дар кори порлумонро мутаваққиф кард.


Қаблан Алӣ ас-Сиистонӣ, раҳбари рӯҳонии шиъиҳои Ироқ, аз мардуми кишвар даъват кард, ки аз иқдомоти шадид парҳез кунанд. Дар ҳамин ҳол, Пан Ги Мун, Дабири кулли Созмони милали муттаҳид, низ аз ироқиҳо хостааст, ки аз амалҳои интиқомгирона кор нагиранд.


Масъулияти ин ҳамларо мақомоти Ироқ бар дӯши созмони «ал-Қоъида» гузоштанд.
XS
SM
MD
LG