Пайвандҳои дастрасӣ

Тақвияти дидбонгоҳҳои марзии Тоҷикистон


Дидбонгоҳҳои марзии «Боғ» ва «Баҳорак», воқеъ дар ноҳияи Шӯрообод, минтақаи марзии Тоҷикистону Афғонистон, бо пуштибонии молии дафтари назорати байнулмилалии назорат бар маводи мухаддир ва ҳифзи тартиботи департаменти давлатии Амрико бозсозӣ шудааст.


Трейси Энн Ҷейкобсон, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Тоҷикистон зимни маросими ифтитоҳи дидбонгоҳҳои "Боғ" ва "Баҳорак" гуфт, ҳадафи аслии аз сар гирифтани таҷдид ва бозсозии ин дидбонгоҳҳо таҳкими истиқлолияти Тоҷикистон ва мубориза алайҳи хатароти терроризм ва қочоқи маводи мухаддир мебошад. Ба гуфтаи хонум Ҷейкобсон, ҷониби Амрико аз тариқи намояндагии дафтари СММ дар умури мубориза бо маводи мухаддир ва ҷинояткорӣ дар Тоҷикистон барои иҷрои ин ду тарҳ 640 ҳазор доллар масраф кардааст: «Мо, амрикоиҳо, аз ин кумаки худ ба марзбонони тоҷик ифтихор мекунем. Зеро мо натанҳо бозсозии ин дидбонгоҳҳоро сармоягузорӣ кардем, балки ҳамчунин техникаҳои муосир, ба вижа дар бахши мухобирот ва омӯзишро, дар ихтиёри марзбонони тоҷик гузоштем».


Дар ҳамин ҳол Шараф Файзуллоев, муовини аввали сардори раёсати нерӯҳои марзбонии Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон гуфт, мавзеъҳои Боғ ва Баҳорак аз манотиқе дар марзи Тоҷикистон мебошанд, ки дар бештарин маворид убури қочоқгарони маводи мухаддир аз ин ҳудудҳо сурат мегирад. Оқои Файзуллоев афзуд, воқиъан хатти марзии Тоҷикистон бо Афғонистон дар аксари минтақаҳо ба таҷдид ва ҳамчунин марзбонони тоҷик барои ҳифозати беҳтари марз ба омӯзиши иловагӣ ниёз доранд. Ба эътиқоди ӯ, бозсозии ин дидбонгоҳҳои марзӣ шароити ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистонро дар ин минтақа тақвият медиҳад.

Бозсозии ду дидбонгоҳии марзии Тоҷкистону Афғонистон дар минтақаи Шӯрообод аз ҷумлаи кумакҳои Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ба Тоҷикистон аст, ки, ба қавли сафири ИМА, то интиҳои соли ҷорӣ маблағи умумии ин кумакҳо ба тақрибан 20 миллион доллар баробар хоҳад шуд. Ҳамчунин ба гуфтаи ӯ, Амрико ҳар сол дар бахшҳои мухталифе чун амнияти марз, маориф, беҳдошт ва рушди демократия ба Тоҷикистон аз 20 то 50 миллион доллар кумак мекунад.

Барот Юсуфӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG