Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афви деринтизори собиқ размандаҳои мухолифин


Оқои Кабирӣ дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,чанде қабл аз ин номаи размандагон, ӯ якҷо бо Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили дигари порлумон ва Акбари Тӯраҷонзода, узви Маҷлиси Миллӣ бо ирсоли як нома ба унвони раиси ҷумҳур, аз Эмомалӣ Раҳмон хостори афви размандагони оппозитсиюни собиқ шудаанд. Ва аммо, ба гуфтаи оқои Кабирӣ, муаллифони нома посухе ба пешниҳодашон дарёфт накарданд: «Агарчи як мактуб қаблан фиристода будем, вале дар рӯзҳои наздик дар асоси номаи падару модарони размандагони пешин такроран як номаи дигар ба унвони дастгоҳи раиси ҷумҳури Тоҷикистон хоҳам фиристод. Раҳбарияти ИНОТ ҳанӯз соли 1999 расман эълом дода буд, ки дигар размандагони низомӣ надорад, вале ба ҳар сурат масъулияти онҳо имрӯз ҳам ба дӯши мо ҳаст, пеш аз ҳама масъулияти маънавӣ ҳаст. Модоме ки раҳбарияти ИНОТ сулҳ кард ва размандагон ба ҳарфи раҳбарон гӯш карда аслиҳаи худро супурданд, раҳбарияти ИНОТ то вақте ки як зиндонӣ ҳам аз ҳисоби размандагони ИНОТ дар маҳкама ҳаст, бояд ин масъулиятро дошта бошад. Ва мо танҳо мемонад, ки аз раҳбарияти кишвар хоҳиш кунем, ки ин талаботи сулҳ ва созишнома дуруст риоя карда шаванд ва санадҳои ҳамдигарбахшӣ комилан иҷро гарданд».



Ин дар ҳолест, ки Дастгоҳи иҷроияи раёсати ҷумҳур ҳафтаи гузашта таъйид кард, ки ин номаро гирифтааст ва он мавриди омӯзиши раҳбарияти ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Аммо то имрӯз пайки тозае дар робита ба номаи мазкур ва вокунишҳои расмии мақомот нашр нашудааст. Дар ҳамин ҳол сиёсатшинос Парвиз Муллоҷонов бар ин назар аст, ки ба хотири таъмини амнияти комил бояд қарори афви ниҳоии размандагони мухолифини пешин содир шавад. Ба гуфтаи оқои Муллоҷонов, пас аз истиқрори сулҳ дар соли 1997, механизми афви иштирокдорони низоъҳои шаҳрвандӣ дуруст таҳия нашуд ва эҳтимолан иддае аз размандагони собиқ иштибоҳан ба зиндон андохта шудаанд.

Вай афзуд: «Механизми афв дуруст набуд ва табиист, иҷро нашуд. Баъзе аз размандагони пешин ки алъон дар маҳбасҳоянд, ҷиноятҳое, ки ба онҳо эҳтимолан бор шудааст, имкон дорад, ки ин ҷиноётро содир накарда бошанд. Бинобар ин ба назари ман, аҳамият дорад, ки масъалаи афви иддае аз размандагони пешин бозбинӣ шавад, ин зарур аст». Ба гуфтаи коршиносон, феълан ҳудуди 300 узви ИНОТ паси панҷараи зиндонҳои Тоҷикистон дар интизори тасмими раиси ҷумҳур оид ба афви гуноҳҳояшон бар сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG