Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Узбакистон барқи бештар медиҳад


Тоҷикистон дар мавсими гармои имсола ба Ӯзбакистон якуним милиард киловат соат неруи барқ содир хоҳад кард. Ин барои бори аввал аст бо чунин ҳаҷм Ӯзбакистон аз ҳамсоякишвари худ неруи барқ ворид мекунад. Зеро то кунун Ӯзбакистон ҳар сол дар мавсими гармо аз Тоҷикистон 900 миллион киловатт соат неруи барқ гирифта бар иваз дар фасли зимистон ба Тоҷикистон 600 миллион киловатт соат неруи барқ, яъне си дарсад камтар содир мекард.


Шералӣ Гулов-вазири саноат ва энержии Тоҷикистон таъйид кард, ки миёни мақомоти энержии ду кишвари Ӯзбакистон ва Тоҷикистон ҷиҳати афзойиши ҳаҷми табодули неруи барқ тавофуқ ҳосил шудааст.Оқои Гулов гуфт қаблан оби изофии обанбори Норак, ки имкони тавлиди неруи барқи иловагиро фароҳам мекард, барои корҳои дигар масраф мешуд, на барои тавлиди бештари неру. Вале дар ҳоли ҳозир, ки мизони истеъмоли неруи барқ дар ҳар ду кишвар боло рафтааст, рӯи даст гирифтани тадобири дигари таъмини аҳолӣ ва корхонаҷот бо неруи барқ пеш омадааст.


Вазири саноат ва энержии Тоҷикистон, ки дар ҳузури вакилони Маҷлиси намояндагон шароити Созишномаи байниҳукуматии Қирғистон ва Тоҷикистон дар мавриди бунёди хатти баландшиддати Конибодом - Боткентро тавзеҳ мекард, гуфт аз ҳоло ҳайатҳои мухталифи давлати Тоҷикистон бо масъулони энержии Туркманистон ва Қирғизистон низ масъалаи харидории неруи барқ дар фасли сарморо мавриди баррасӣ қарор додаанд.



Туркманистон ва Қирғизистон розӣ шудаанд, ки мутаносибан аз як миллиард то якуним миллиард киловатт соат неруи барқи худро дар фасли тирамоҳ ва зимистон ба Тоҷикистон содир бикунанд. Ин дар ҳолест,ки Мирзошариф Исломиддинов-раиси Кумитаи саноат ва эжнержии Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон бар ҳалли мусбати мушкилоти табодули неруи барқ миёни Тоҷикистон ва Ӯзбакистон шубҳа карда бо суоле ба вазири саноат ва энержии кишвар муроҷиат кард.




Вазири саноат ва энержии Тоҷикистон посух дод ,ки дар воқеъ Ӯзбакистон дар соли гузашта барои ворид кардани неруи барқ аз Қирғизистон ба Тоҷикистон монеъа эҷод кард. Ҷониби Ӯзбакистон тавоноии яке аз пойгоҳҳои энержии худро ,ки тавассути он интиқоли тронзитии неруи барқи Қирғизистон ба Тоҷикистон имконпазир мешуд, коҳиш дод. Ва ин боис шуд як миқдор аз неруи барқи харидоришуда аз Қирғизистон ба Тоҷикистон нарасад.





Аммо акнун, ки хатти баландшиддати Конибодом - Боткент сохта шуд, Қирғизистон ва Тоҷикистон метавонанд бидуни убур аз қаламрави Ӯзбакистон неруи барқро бо ҳам табодул кунанд. Гуфта мешавал қимати неруи барқи воридшаванда аз Туркманистон ва Қирғизистон ба Тоҷикистон ҳоло муайян нашудааст, вале Ӯзбакистон барои ҳар як киловатт соат неруи барқи содиротӣ ба Тоҷикистон чаҳор сент нарх гузоштааст. Ин дар ҳолест,ки барои мисол Туркманистон барои ин миқдори неруи барқ аз Эрон ду сент мегирифтааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG