Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Фаластин - дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ


Дирӯз, 12-уми июн, дар хиёбонҳои Ғаза мавҷи нави хушунатҳо ба вуқӯъ пайваст, ки ба суқути ҳукумати таҳти раҳбарии гурӯҳи "Ҳамос" таҳдид мекунад. Садҳо мусаллаҳони "Ҳамос" баъди мушакборон ситоди нерӯҳои амниятии таҳти фармони «Фатҳ» як қисмати Ғазаро ишғол карданд.


Шурӯъ аз рӯзи 11 июн дар зудӯхурдҳо дар ин минтақа дасти кам 31 нафар кушта шуданд. Дирӯз гурӯҳи «Фатҳ» бо пахши як изҳорот ҳушдор дод, ки, агар аз идомаи хушунат ҷилавгирӣ нашавад, намояндагонаш ҳукумати мусолиҳаи миллии Фаластинро тарк хоҳанд кард.


Дар бораи онки Фаластин дар вартаи ҷанги шаҳрвандӣ қарор дорад, дирӯз Иттиҳодияи Аврупо низ ҳушдор дод. Фиристодаи вижаи Иттиҳодияи Аврупо дар умури равобити байнулмилалӣ хонум Бенита Фереро Волднер баъди музокирот бо вазири иттилоъоти давлати худгардони Фаластин Мустафо ал-Барғутӣ гуфт, Иттиҳодияи Аврупо аз мавҷи нави хушунат дар Фаластин сахт нигарон аст.


Дар ҳамин ҳол сарвазири Исроил Яҳуд Олмерт дирӯз изҳор кард, ки нерӯҳои байнулмилалии посдори сулҳро бояд дар хатти марзи миёни минтақаи Ғазаи кишвар ва Миср мустақар кард, то аз интиқоли силоҳ ба размандагони фаластинӣ ҷилавгирӣ шавад.
XS
SM
MD
LG