Пайвандҳои дастрасӣ

Эҳуд Барак - раиси ҷадиди Ҳизби кори Исроил


Сарвазири собиқи Исроил Эҳуд Барак дар сабқати дарёфти курсии раиси Ҳизби кор дар интихоботи ахири дохилиҳизбӣ пирӯз шуд.


Дар даври дувуми овоздиҳӣ, ки дирӯз баргузор шуд, Яҳуд Барак назар ба Ами Аялон, собиқ раиси хадамоти амниятии Исроил, роъйи бештареро ба даст овард.


Акнун ин сиёсатмадори шигохта дар маснади раиси Ҳизби кори Исроил вазири дифоъи феълии кишварАмир Пересро иваз хоҳад кард.


Дар ҳамин ҳол, ҷаноби Барак аз Яҳуд Олмерт, сарвазири Исроил, даъват кард, ки барои иштибоҳҳои дар ҷанг бо Лубнон кардааш ба истеъфо равад.


Ҳамзамон гуфта мешавад, ки Барак ҳизби корро ба таври фаврӣ аз эътилофи ҳукмрон берун кашиданӣ нест.
XS
SM
MD
LG