Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То соли 2009 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон паст мешавад?


KA

Интизор меравад, ки ҳафтаи оянда лоиҳаи барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон ба иҷлоси сеюми Маҷлиси Намояндагон ироъа шавад. Тарҳи ин лоиҳа аз сӯи Ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод шудааст ва он роҳи паст кардани сатҳи камбизоатиро то соли 2009-ум дар бар мегирад.


Иҷрои ин барнома беш аз 5 миллиард долларро тақозо мекунад. Мақомот мегӯянд, аз буҷаи кишвар танҳо 245 миллион доллар ҷудо мешаваду халос. Ба назари вакилони Порлумон, Тоҷикистон дар танҳоӣ имкони паст кардани фақру камбизоатиро надорад ва ҳатман ба сармоягузории хориҷӣ умед мебандад.


Вале, дар ҳамин ҳол, бархеи дигар аз вакилон бар онанд, ки қабули лоиҳаи паст кардани камбизоатӣ пеш аз қабули лоиҳаи рушди иқтисоди кишвар ҳеч маънӣ нахоҳад дошт. Зеро, ба гуфти онҳо, коҳиши камбизоатӣ бе рушди иқтисоди кишвар наметавонад ба даст ояд.
XS
SM
MD
LG