Пайвандҳои дастрасӣ

Фақат ба хотири СУЛҲ (Гуфтори чаҳорум)


Ултимотумҳои гуфтушунидҳои сулҳ.
СММ ва эҷоди фазои таҳаммул.
Марзҳои корпояи музокирот.
Интихобот, қонуни асосӣ, Узбакистон ва Русия.

-----------------------------------------------------------------------------

Устоди илми ҳуқуқ дар Донишгоҳи Улстер, Кристина Белл дар рисолааш зери унвони "Созишномаҳои сулҳ ва ҳуқуқи инсон", чопи Донишгоҳи Оксфорд, се давраи сулҳро ингуна муайян кардааст:

- Тавофуқҳои пеш аз гуфтушунид.
- Чаҳорчӯб ва ҷавҳари ризоияти ҷонибҳо.
- Паймони шеваи иҷроиши ҳалномаҳо.

Тарафҳои тоҷик пеш аз гуфтушунид, тавофуқ карданд, ки паси миз менишинанд. Бидуни ин музокирот номумкин буд. Аммо онгуна ки оғози ҷанги Тоҷикистонро коршиносон ба гиреҳ хӯрдани сабабҳои зиёд ва гуногун дар як маҳдудаи танги маконӣ ва замонӣ, он ҳам дар як дар ҷомеаи бераҳбар, пароканда ва хушунатзада бастагӣ медиҳанд, сулҳи Тоҷикистонро низ натиҷаи буруз ва печиши тамоюлҳои гуногуни дохилӣ, минтақаӣ ва ҷаҳонӣ мешуморанд. Онҳо мегӯянд, на ҷанги Тоҷикистон ихтиёрӣ буд ва на сулҳи он...

Идомаи барнома ин ҷост.
XS
SM
MD
LG