Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти раиси ҷамоат ба ҳангоми ришваситонӣ


со

Бино ба иттилои мақомоти Оҷонсии давлатии мубориза бо фасоди Тоҷикистон кормандони ин оҷонсӣ, раиси ҷамоати Кӯктоши ноҳияи Рудакӣ, Садриддин Маҳкамовро бо иттиҳоми ришваситонӣ боздошт кардаанд.
Як мақоми Оҷонсии давлатии мубориза бо фасод ба радиои Озодӣ гуфт, Садриддин Маҳкамов, тавассути ду нафар миёнар аз шаҳрванд Алимаҳмад Солеҳов ба ивази 25 сотих замин барои сохтмони манзил, 25 000 доллари амрикоӣ тамаъ кардааст. Ин манбаъ афзуд, раиси ҷамотаи деҳоти Кӯктош ва ду тан аз миёнравони ӯ ҳангоми гирифтани як қисми ин маблағ, яъне 10 000 долари амрикоӣ, дастгир шудааанд ва тибқи моддаҳои 32 ва 319 Қонуни ҷиноии кишвар алайҳи онҳо паравандаи ҷинойи оғоз боз шудааст.
Коршиносон мегӯянд, аксари парвандаҳои ҷиноии вобаста ба фасоди идорӣ, ки мавриди пажӯҳиш қарор доранд, ба фурӯши замин марбут будааст. Аз замони таъсиси Оҷонсии давлатии мубориза бо фасод Тоҷикистон, то имрӯз 32 парвандаи ҷиноӣ баррасӣ шудааст.

Сафаргул Олимӣ, Душанбе
XS
SM
MD
LG