Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Фурудгоҳи Душанбе бозсозӣ мешавад


Ду ширкати сохтмонии фаронсавӣ ба бозсозии фурудгоҳи шаҳри Душанбе ва бунёди як терминоли ҷадид дар он шурӯъ кардаанд.
Мирзо Анваров - раиси фурудгоҳи шаҳри Душанбе гуфт, ширкатҳои сохтмонии «Софи-Монро» ва «Алф-аэропорт» тайи дувуним соли оянда дар ин фурудгоҳ хати парвоз, истгоҳи ҳавопаймоҳо ва толори истиқболро мутобиқ бо меъёрҳои имрӯза тармим ва бозсозӣ хоҳанд кард. Тайи ин муддат ин ширкатҳо муваззафанд ҳудуди 60 ҳазор метри фурудгоҳро пурра навсозӣ кунанд. Ва вазорати дифои Фаронса хароҷоти навсозии фурудгоҳи Душанберо ба миқдори 7 миллион евро ба ӯҳдаи худ гирифтааст.
Раиси фурудгоҳи Душанбе афзуд, ки ширкатҳои фаронсавӣ ҳамчунин сохтмони терминоли ҷадидеро барои хидматгузории панҷсад мусофир дар як соат дар ин фурудгоҳ ба анҷом хоҳанд расонд.
Ҷиҳати бунёди ин терминол ҳукумати Фаронса 17 миллион евро ба шакли қарзи баландмуддат ихтисос додааст.
Терминоли ҷадид, ки дар маҳалли имрӯзаи як терминоле, ки барои парвозҳои дохилӣ истифода мешавад бунёд хоҳад шуд.
Гуфта мешавад, дар терминоли ҷадид чаҳор адад гузаргоҳи вижа, ки мусофирон метавонанд ба воситаи он мустақим аз толори фурудгоҳ вориди ҳавопаймо шаванд, мавриди баҳрабардорӣ қарор хоҳад гирифт.
Фурудгоҳи шаҳри Душанбе соли 1964 барои истифодаи парвозҳои маҳаллӣ сохта шудааст. Қарор буд ин фурудгоҳ дар солҳои 80 ум табдили ҷой кунад. Вале бо фурӯпошии шӯравӣ ва касби истиқлолияти Тоҷикистон ин тарҳ ба иҷро нарасид. Ҳоло тибқи ҳисоби мутахассисон танҳо барои бунёди як терминоли байналмилалӣ дар ин фурурдгоҳ 70 миллион евро лозим аст.
Фаронса танҳо кишвари ғарбӣ ва узви Паймони Атлантики Шимолист, ки ҳамаи барномаҳои кӯмак ва ҳамкории худ дар чаҳорчӯби Эътилофи байналмилалии зиддитерроистӣ дар Афғонистонро тавассути қаламрави Тоҷикистон амалӣ мекунад. Ва бозсозии фурудгоҳи Душанбе аз сӯи ин кишвар низ дар доираи ҳамин ҳамкорӣ арзёбӣ мешавад.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG