Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ: боз як ҳамлаи интиҳорӣ


Низомиёни дар Ироқ мустақари Амрико тасдиқ карданд, ки бар асари як ҳамлаи интиҳорӣ бо мошини бомгузоришуда ахиран дар ҷануби Бағдод қисми як пуле хароб гардида, инчунин се сарбози амрикоӣ кушта ва шаш нафари дигар маҷрӯҳ шудаанд.


Дар ин ҳамла, ки дар наздикии шаҳри ал-Маҳмудияи Ироқ ба вуқӯъ пайваст, як ҳамчунин як тарҷумони ироқӣ ҷароҳат бардоштааст.


Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи пулиси Ироқ, афроди мусаллаҳи номаълум дирӯз,11-уми июн, як мансабдори Бонки миллии Ироқ ва ду муҳофизи ӯро дар шаҳри Мосул куштаанд.
XS
SM
MD
LG