Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Буш пешниҳоди Путинро бори дигар қобили арзёбӣ хонд


Раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш бори дигар пешниҳоди раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин барои эҷоди пойгоҳи муштараки дифоъи мушакӣ дар хоки ҷумҳурии Озарбойҷонро қобили баррасӣ тавсиф кард.
Аммо гуфт ӯ намедонад, ки ин пешниҳод ки ба хотири поён додан ба ихтилофоти Амрикову Русия матраҳ шудааст, аз назари техникӣ қобили иҷро ҳаст ва ё на.
Владимир Путин раиси ҷумҳури Русия зимни нишасти сарони кишварҳои ҳаштгонаи санъатӣ пешниҳод кард, ки Амрико метавонад ба ҷои истиқрори системи дифоъи зидди мушкӣ дар шарқи Аврупо ҷиҳати назорат ба мушкаҳои Эрон аз пойгоҳи радарии Русия дар Қабалаи Озарбойҷон истифода кунад.
Дар ҷараёни боздидаш аз Булғористон, ҳамчунин Ҷорҷ Буш дигарбора таъкид кард, ки минтақаи Косово бояд ҷудо аз Сербистон ва як кишвари мустақил бошад.
XS
SM
MD
LG