Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Равобити Амрико бо Русия: рӯ ба беҳбудӣ ё хайр?


Манзури Рамсфелд аз Аврупои нав ҳамин Аврупои шарқӣ буд, ки ба фарқ аз Аврупои Ғарбӣ ҳамлаи таҳти раҳбарии Амрико ба Ироқро пуштибонӣ кард.
Ҷорҷ Буш дар ба истилоҳ "дили Аврупои нав" Ҷумҳурии Чех, ва ҳамин тавр, дар Лаҳистону Албания ва Булғористон хеле гармтар истиқбол дид. Албатта, дар муқоиса бо Олмону Итолиё, ду кишвари ба истилоҳ "Аврупои қадим", ки Бушро бо авҷи намоишҳову раҳпаймоиҳои эътирозӣ пешвоз гирифтанд.
Президенти Амрико баъдтар дар Рум, пойтахти Итолиё низ бо айни истиқбол рӯбарӯ шуд.
Аммо дар кишварҳои Аврупои шарқӣ, ки нақши Амрико дар таъмини амнияти онҳо маҳсустар аст, Ҷорҷ Бушро гоҳо ҳатто ҳамчун раҳбари "ҷаҳони озод" муаррифӣ мекарданд.
Силсиласафари Буш ба Аврупо дар пасманзари таниши уфтода дар равобити байни Амрикову Русия оғоз ёфт. Президенти Русия Владимир Путин таҳдид кард, ки дар посух ба нақшаи истиқрори сипарҳои зиддимушакии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон Маскав мушакҳои худро ба самти пойтахтҳои аврупоӣ хоҳад гардонд.
Ин таниши лафзӣ байни ду кишвар замоне сокит шуд, ки Путин дар мулоқоташ бо Буш дар ҳошияи нишасти Ҷи-8 дар Олмон, ба таври ногаҳонӣ истифодаи муштарак аз радари зиддимушакиаш дар Озарбойҷонро пешниҳод кард.
Вошингтон ҳанӯз дар мавриди ақиб нишастанаш аз барномаи истиқрори сипарҳои зиддимушакӣ дар Чехияву Лаҳистон чизе нагуфтааст, вале пешниҳоди Маскавро "ҷолиб" арзёбӣ мекунад. Ҷорҷ Буш рӯзи душанбе дар София, пойтахти Булғористон, дигарбора пешниҳоди ҳамтои русашро пешниҳоди хуб номид ва гуфт, Русия душман нест. "Ман бо Владимир Путин дар бораи равобити мо сӯҳбатҳои зиёд доштам ва тавзеҳ додамаш, ки ман Русияро ҳамчун душман намедонам. Ман Русияро кишваре медонам, ки мо метавонем ва бояд бо он ба хотири ҳаллу фасли масоили умумӣ равобити хуб дошта бошем. Як чунин масъала Эрон аст ва масъалаи дигар - манъи густариши силоҳҳои ҳастаӣ".
Ва аммо вақте Ҷорҷ Буш аз Албания дидан мекард, ба таври шадид мухолифи мавзеъгириҳои Русия дар масъалаи сарнавишти Косово, вилояти ҷудоиталаби Сербия, ки аксари аҳолиаш албанитаборанд, сӯҳбат кард. Президенти Амрико гуфт, Косово бояд ҳаққи истиқлолияти комил дошта бошад.
Ин дар ҳолест, ки Маскав ба истиқлолияти Косово шадидан мухолиф аст. Ва инак, ки Ҷорҷ Буш баъди 8 рӯзи мусофираташ ба Амрико бармегардад, суол ҳамоно ин аст, ки оё равобити Амрико бо Русия рӯ ба беҳбудӣ ниҳода ё хайр?
Ҳатто агар аз масоили демократия чашм бипӯшем, мебинем, ки дар мавриди Косово ва масъалаи мушакҳо ихтилофи назарҳо ҳанӯз боқист.
XS
SM
MD
LG