Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Наркоти Чарлз дар дастаи "Регар" ТадАЗ бозӣ хоҳад кард


Дар се бозӣ мизбонон пирӯзӣ ба даст оварданд. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи бузурги 5 бар 0 ғалаба кард. Воқеъан, се голро дар ин дидор ҳамлагари ҷавон Аббос Абдуллоев ба ҳадаф расонд ва ӯ бо 9 гол ҳоло беҳтарин голзани мусобиқот мебошад.

«Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров «Вахш»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 1 бар 0 шикаст дод. Голи ягонаро дар ин бозӣ Нӯъмон Ҳакимов ба самар расонд ва ӯ бо 8 гол дар сабқати голзанҳои беҳтарин дар ҷойи дуввум аст.

«ХИМА»-и Душанбе бар CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 2 ғолиб омад.

Ду бозӣ ба нафъи меҳмонон хотима ёфт. «Хуҷанд»-и Хуҷанд бар «Гвардия»-и Душанбе бо натиҷаи 1 бар 0 ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бар «Динамо»-и Душанбе бо натиҷаи 2 бар 1 ғалаба карданд.

Бад-ин тартиб «Регар» ТадАЗ, ки дар ҳамаи 9 бозӣ пирӯзӣ ба даст овардааст, бо 27 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқот қарор гирифтааст.

Муҳаммадҷон Ҳабибуллоев, сармураббии «Регар» ТадАЗ ба радиои Озодӣ гуфт: "Ҳоло дар ҳайати дастаи мо Наркоти Чарлз, бозигари даъватшуда аз бошгоҳи «Феникс старс»-и кишвари Ғанои қораи Африқо тамрин мекунад.Ва рӯзҳои наздик мухлисони мо бо ҳунари ӯ ошно хоҳанд шуд."

«Парвоз» бо 21 имтиёз дар ҷойи дуввум мебошад. «Тоҷиктелеком» бо 17 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудааст.

Бозиҳои даври ёздаҳуми мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 16-ум ва 17-уми июн баргузор мешаванд.
XS
SM
MD
LG