Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Истеъфои шаш узви порлумони Тоҷикистон


Бо ироаи аризаи истеъфо шаш тан аз аъзои Маҷлиси Миллӣ - палатаи болоии Маҷлиси олии Тоҷикистон ваколати худ дар маҷлисро қатъ карданд.
Қосим Қосимов - раиси пешини вилояти Суғд, Алимамад Ниёзмамадов - раиси собиқи вилояти Бадахшон, Шакарбек Самадов ва Мавҷуда Бобоева - руасои пешини навоҳии Панҷакент ва Айнӣ, Ҷумъа Зокиров ва Идрис Шоҳҷонов-раисони навоҳии Истаравшан ва Ишкошим, ки қаблан аз вазоифи худ бо фармони президент Эмомалӣ Раҳмон барканор шуда буданд, узвияти худ дар Маҷлиси Миллиро низ пеш аз мӯҳлат қатъ карданд.
Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон ҳамзамон бо пазируфтани аризаи истеъфои шаш нафар аъзои худ Қосим Қосимовро аз мақоми муовини аввал ва Алимамад Ниёзмамадовро аз симати муовини раиси Маҷлиси Миллӣ барканор кард.
Дар баёнияи расмии мақомот таъкид шудааст, ки ин нафарон бо хоҳиши худ аризаи истеъфо навиштаанд.
Дар Тоҷикистон баъди касби истиқлолият чунин таҷрибае, ки мансабдорон, вакилон ё аъзои ҳукумат бо хоҳиши худ аз масъулият истеъфо бидиҳанд, ба мушоҳида нарасидааст. Ба истиснои истеъфои Раҳматулло Зоиров - раиси Ҳизби сотсиал - демократ, ки ба нишони эътироз аз баргузории маъракаи ислоҳоти Қонуни асосӣ дар тобистони соли 2003, аз вазифаи мушовири раиси ҷумҳурии Тоҷикистон истеъфо дода буд.
Абдурашид Қаҳҳоров - муовини роҳбари дастгоҳи Маҷлиси Миллии Тоҷикистон тасдиқ кард, ки ҳамаи ин шаш нафар қабл аз шурӯи ҷаласаи ахири маҷлис ба таври катбӣ аризаи истеъфои худро ба Маҷлиси Миллӣ таслим кардаанд.
Ин дар ҳолест, ки бар дурустии эъломи истеъфо аз сӯи худи ин нафарон бархе аз таҳлилгарон шубҳа доранд.
Ҳикматулло Сайфуллозода - мудири маркази таҳлилии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мӯътақид аст, ки мансабдорони тоҷик бо ду далел бо хоҳиши худ аризаи истеъфо нахоҳанд дод. Яке ин ки истеъфои бо хоҳиши худ мухолифи сиёсати ба истилоҳ хирадманадонаи роҳбари давлат арзёбӣ мешавад, ки барои ояндаи шахс пайомади манфӣ хоҳад дошт ва дигар ин ки соҳиби вазифа ва мансаб будан, яъне соҳиби зиндагии обод будан дар Тоҷикистонро дорад, ки на ҳар шахс мехоҳад аз ин гуна зиндагӣ бо хоҳиши худ маҳрум шавад.
Раҳматулло Зоиров - Раиси Ҳизби сосиал-демократ ва яке аз ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯяд, истеъфои чанд тан аз аъзои Маҷлиси Миллӣ шаҳодат бар он дорад, ки ин афрод дигар ба мақомоти болоӣ нолозим шудаанд. Вале вақте як нафар ҳанӯз барои боло лозим аст, ҳатто хилофи қонун ӯро дар мақом нигаҳ медоранд. Оқои Зоиров ба унвони намуна аз Амиршо Миралиев - раиси пешини вилояти Хатлон ва роҳбари феълии маъмурияти президент Эмомалӣ Раҳмон ном бурд, ки то кунун хилофи қонун узвияти худ дар Маҷлиси Миллиро ҳифз кардааст.

Абдуқаюми Қаюмзод, Душанбе
XS
SM
MD
LG