Пайвандҳои дастрасӣ

Боз як кӯшиши дигар барои ба ифоқа овардани Исроил ва Фаластин


Раҳбари Фаластин Маҳмуд Аббос ва сарвазири Исроил Яҳуд Олмерт шояд дар мулоқоти чаҳоргонаи байнулмилалӣ - миёнҷиҳои эътидоли вазъ дар Ховари Миёна - ширкат намоянд. Дар ин бора Аҳмад Абдул Ғайт, вазири умури хориҷаи Миср, хабар дод.


Ба чаҳоргонаи байнулмилалӣ Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, Русия, Созмони Милали Муттаҳид ва Иттиҳодияи Аврупо шомиланд.


Ба гуфтаи Аҳмад Абдул Ғайт, миёнаравони чаҳоргона пешниҳод кардаанд, дар ин мулоқот, ки охири моҳи равон дар Миср баргузор мешавад, раҳбарони Фаластину Исроил низ ширкат варзанд.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаҳои ахир таниши миёни Фаластину Исроил афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG