Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқ ҳамоно ноором аст


Теъдоди қурбониёни ҳамлаи дафшатафканӣ дар вилояти Салоҳиддини Ироқ афзудааст.


Тибқи иттилоъи ахир, бар асари таркиши мошини ҳомили маводи тарканда дар назди қароргоҳи пулиси ин шаҳр 14 кас кушта ва беш аз 40 нафар маҷрӯҳ шуданд. Миёни кушташудагон ду афсари воломақоми пулиси Ироқ низ ҳастанд.


Дар ҳамин ҳол, дар пойтахти кишвар шаҳри Бағдод ахиран дар як даргирӣ бо низомиёни амрикоӣ 3 мусаллаҳи гурӯҳи шиимазҳаб ба ҳалокат расида, 17 нафари дигар ҷароҳатҳои гуногун бардоштанд.
XS
SM
MD
LG