Пайвандҳои дастрасӣ

Даври дувуми интихобот - баъди як ҳафта


Дар даври аввали интихоботи порлумонӣ дар Фаронса, ки дирӯз беш аз 60 дарсади афроди дорои ҳаққи раъй дар он иштирок карданд, тибқи натоиҷи пешакӣ, ҳизби ҳукмрони «Иттиҳод барои ҳаракати мардумӣ» – ҳизби расии ҷумҳур Никола Саркозӣ - ҳудуди 41 дарсади раъйҳоро соҳиб шудааст.


Акнун аз 577 курсии Маҷлиси миллӣ ин ҳизб 400-тояшро дар ихтиёр хоҳад дошт. Рақиби «Иттиҳод барои ҳаракати мардумӣ» Ҳизби сотсиалисти Фаронса ба дарёфти 27 дарсади ороъи интихобкунандагон муваффақ шудаанд.


Дар ҳамин ҳол, дар маъракаи пешазинтихоботӣ Саркозӣ аз сокинони кишвар даъват карда буд, ки дар интихоботи порлумонӣ ба ҳампаймонҳои ӯ аз ҳизби ростгаро овоз диҳанд, то ки ӯ дар татбиқи ислоҳот ба мушкилот мувоҷеҳ нашавад.


Гуфта мешавад, тибқи қонуни интихоботи Фаронса, даври дувуми интихоботи порлумонии Фаронса баъд аз як ҳафта доир мешавад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG