Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷорҷ Буш: «Косово бояд соҳиби истиқлолият шавад»


Ҷорҷ Буш, раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, имрӯз, 11-уми июн, дар пойтахти Булғористон шаҳри София бо раҳбарони ин кишвар дидору гуфтугӯ мекунад.


Президенти Амрико дирӯз ҳангоми мулоқоташ дар Тирана, пойтахти Албания, бо сарвазири албанӣ Салӣ Бериша масоъили мухталиф, аз ҷумла мақоми Косово, вуруди Албания ба NATO ва пешниҳоди раисиҷумҳури Русия дар бораи истифодаи муштараки пойгоҳи радарӣ дар Озарбойҷонро баррасӣ кард.


Дар ин мулоқот Ҷорҷ Буштаъкид кард, ки Косово бояд ҳатман соҳиби истиқлолият шавад. Ӯ афзуд, дар ин мавзӯъ Вошингтон музокирот бо мақомоти Русияро, ки мухолифи ҷудо шудани Косово аз Сербистон аст, идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG