Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Раҳмон аз Путин иҷрои ваъдаҳоро хост


Президентҳои Русия ва Тоҷикистон Владимир Путин ва Эмомалӣ Раҳмон дирӯз дар Санкт-Петербург дидор ва гуфтушунид доштанд. Онҳо дар бобати созишҳои дуҷонибаи тиҷоратию иқтисодӣ ва ҳамкорӣ дар соҳаи амният табодули назар карданд. Дидори онҳо дар арафаи нишасти ғайрирасмии сарони Ҷомеаи кишварҳои ҳамсуд ва дар ҳошияи Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ барпо гашт.


Баъд аз мулоқот бо Путин ҷаноби Раҳмон ба хабарнигорон гуфт: "Барои мо рушди соҳаи тавлиди нерӯи барқи обӣ бисёр муҳим аст ва ман умедвор ҳастам, ки мо роҳҳои ҳалли баъзе аз мушкилоти боқимондаро пайдо мекунем."


Раҳмон ба созишномаҳои соли 2004 ишора кардааст, ки бар асоси онҳо қарор буд, Русия ба иқтисоди Тоҷикистон бахусус дар соҳаи энержӣ ду миллиард доллар сармоягузорӣ кунад ва ширкати РусАЛ сохтмони нирӯгоҳи барқи обии Роғунро ба поён расонда, як корхонаи нави тавлиди алюмин дар вилояти Хатлон бунёд намояд.
XS
SM
MD
LG