Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Оё пойгоҳи Озарбойҷон Амрикоро қонеъ хоҳад кард?


Ҳизер Маҳер Пешниҳоди президенти Русия сарусадои ҷаҳонӣ ба миён овард. Дар ҳоле ки матбуоти Маскав онро як пирӯзии дипломатӣ ва ҳалли баҳси ду тараф номид, коршиносони ғарбӣ мегӯянд, ин пешниҳод заъфҳое дорад, ки метавонад, муколамаҳои ояндаро дар мавриди он бесамар гардонад.

Баъзе аз таҳлилгарони ғарбӣ мегӯянд, пас аз баёнияҳои тезутунди Амрикову Русия дар робита ба истиқрори сипари дифоъии Иёлоти Муттаҳида дар Аврупо пешниҳоди Владимир Путин барои истифодаи муштараки як чунин пойгоҳи радарӣ дар Озарбойҷон дар назари аввал созиши хубе менамояд. Аммо мегӯянд онҳо бо таҳлили амиқтар метавон ба чунин хулоса омад, ки ин пешниҳоди сиёсии камарзишест, ки Русия барои нишон додани хушмуомилагиаш ироа кардааст. Ба қавли таҳлилгарону расонаҳои ғарбӣ агарчӣ истифодаи муштараки пойгоҳи радарӣ дар Озарбойҷон ҷанбаҳои мусбате дорад, аммо наметавонад, нақши сипари комилро иҷро кунад.

Онгуна, ки Амрико мегӯяд, истиқрори сипари дифоъиаш дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ба хотири рафъи ҳамлаҳои мушакии кишварҳои саркаш ба мисли Эрон ва Куриёи Шимолӣ аст. Дункан Ленокс коршиноси низомӣ мегӯяд, агарчӣ наздикии пойгоҳи радарии Озарбойҷон ба марзҳои Эрон бартариҳое дорад, аммо аз заъф низ холӣ нест: "Агар радар дар наздикии кишвари мушакандоз қарор дошта бошад, бартариаш он аст, ки зуд огоҳ мекунад, ки мушак андохта шуд ва шумо имкон доред, ки омодагиҳои лозимро бигиред. Аммо мушак метавонад, зуд аз маҳалли назорати радар убур кунад. Агар шумо мехоҳед, барои маҳви мушак, онро ба нишон бигиред, бояд радарҳоро дуртар аз кишвари мушакандоз ва дар назди маҳалли истиқрори худи мушакҳо ҷойгир кунед."

Ба қавли дигар, дар сурати убури мушак аз маҳалли мушоҳидаи радар таъқибу маҳви он мушкилтар мешавад, ҳамонгуна ки футболбозе хатти ҳимояти рақибро мешиканад ва сипас ҳимоятгарон барои пешгирии ҳамлаи ӯ аз пасаш мешитобанд. Ҳамингуна ба гуфтаи коршиносон ва тавре муовини вазири умури хориҷаи Ҷумҳурии Чех гуфтааст, пойгоҳи радарии Озарбойҷон наметавонад, ҷойи пойгоҳи радарӣ дар ҷумҳурии Чехро бигирад ва танҳо метавонад бахше аз он бошад. Зимнан мегӯянд таҳлилгарони ғарбӣ мақомоти Русия низ аз ин ҷанбаҳои масъала ба хубӣ огаҳ буданд ва ғолибан медонистанд, ки давлати Амрико онро нахоҳад пазируфт. Пас чаро чунин пешниҳод сурат гирифт. Таҳлилгари Бунёди Ҷеймстовн дар Вашингтон Глен Ҳовард чунин меандешад: "Русия ин пойгоҳро аз даст медиҳад, зеро замони иҷораи он поён меёбад ва онҳо то кунун барнома доштанд, ки радарҳоро ба вилояти Краснодар кучонанд. Ҳамингуна Русия қасд дорад, то ҳузури худро дар Озарбойҷон қонунӣ кунад ва аз ҳисоби харҷи озарбойҷониҳо. Ва онҳо Амрикоро ҳадафи доимии эрониҳо мекунанд ва ин пешниҳод барои ҷудо кардани Амрикову Озарбойҷон аст. Ва агар ман изҳоротро дуруст фаҳмида бошам, он ҳузури низомии Русия дар Озарбойҷон ба вуҷуд меорад."

Пойгоҳии радарии Қабалаи Озарбойҷон замони шӯравӣ сохта шуда ва аз соли 1985 фаъол буд. Радарҳои он қодиранд, то мушакҳои партобшуда аз тамоми қаламрави Осиё ва ҳамчунин Уқёнуси Ҳиндро мушоҳида кунанд. Ва ҳамчунин ба қавли мақомоти русӣ метавонад сипари дифоъие барои тамоми Аврупо ва ғарби Русия низ бошад. Пас аз соли 2002 ин пойгоҳ ба моликияти Озарбойҷон табдил ёфт ва барои даҳ сол ба Русия иҷора дода шуд. Агарчӣ Амрико пешниҳоди раиси ҷумҳур Владимир Путинро дар робита ба пойгоҳи Қабаларо аҷиб хондааст, аммо вокунишҳо дар робита ба он эҳтиёткорона будаанд. Вале агар ин пешниҳодро Амрико напазирад ва аз барномаи истиқрори сипари дифоъиаш дар Аврупои Шарқӣ даст накашад пас чӣ хоҳад шуд. Оё ҳамонгуна, ки Владимир Путин гуфт, Русия мушакҳояшро ба сӯи Аврупо мегардонад? На мегӯяд Глен Ҳовард таҳлилгари амрикоӣ. Вай меафзояд, ки гуфтаи раиси ҷумҳур Путин барои ӯ як шикасте буда ва натиҷаҳои баръакс додааст, ва бархе аз сиёсатмадорони ба қавли Глен Ҳовард зираки Кремл инро аз ҳоло дарк кардаанд.
XS
SM
MD
LG