Пайвандҳои дастрасӣ

Фақат ба хотири СУЛҲ (Фасли 3)


Барномае бахшида ба 10-умин солгарди имзои созишномаи сулҳи Тоҷикистон

Тағйири ҳукумат дар иҷлоси Хуҷанд
Сарнавишти паноҳандагон
Душанбе, нон ва қумондонҳо
Фазои кишвар ва аввалин ангезаҳои гуфтушунид

----------------------------------------------------------------------------------
Онҳое ки субҳи 23-юми феврали соли 1993 аз канори майдони "Озодӣ"-и шаҳри Душанбе рад мешуданд, духтарони атласпӯшро медиданд, ки дар ҳоли рақс бо сарбозони рус буданд.

Иди нирӯҳои мусаллаҳи Русия ва Тоҷикистон ҷараён дошт.

Бархеро дил ба духтаракони резпайкар месӯхт, ки мабод бо як пироҳани ҳарир дар ин ҳавои сард бемор шаванд. Бархеро хашм боло мегирифт, ки вақте ҳамарӯза одамон кушта ё фирорӣ мешаванд, на рақсу бозӣ, балки мотам боистӣ.

Аммо касе ҳадди лаб во кардан надошт. Садои тир суханҳоро дар гулуҳо зиндонӣ карда буд. Ранги сурхи шиъорҳо ба замин рехта буд. Мегӯянд, фақат Аслиддини Соҳбиназар он рӯзҳо мӯйҳои сафедашро панҷа задаву такон дода, дар кӯчаҳои бегонашуда мегашт ва ҳарфи дилашро бо садои баланд мегуфт:
"Имрӯз дар Тоҷикистон шахсиятҳое сари қудрат омадаанд, ки аксаран хешу табори якдигаранд, аҳлу авлод ҳастанд ва ё як қабилае аз мулку диёри муайян. Инҳо бечуну чаро дар давраи коммунистӣ наметавонистанд, сари қудрат оянд, барои он ки будааст ё набудааст, назорати ҳукуматӣ ё назорати партиявӣ чунон сахту сахтгир буд, ки он шахсе ки писартағо ё писарамак, хешу табор ё дуру наздик мешуд, аз тарафи дигарҳо назорат мешуд ва ӯро рӯи об мебароварданд ва мегуфтанд, ки ин ҷияни фалонӣ аст ва ҳақ надорад дар ин вазорат кор кунад..."

Суханони Аслиддин мисли тир буданд. Ба зудӣ Франспресс хабар дод, ки вай кушта шудааст, вале дар посух ба занги телефон гуфт, зиндааст, аммо ин чи зинда будане. Собиқ вакили мардум дар порлумон ва шояд ягона чеҳраи маъруфи оппозисюн дар шаҳр мегашт ва мехост, мардум ӯро бубинанд ва рӯҳшикаста нашаванд.

Силоҳдорон аз тир кушодан ба ӯ метарсиданд...

Сарбозони фирқаи 201-и Русияро дар нахустин иди Артиши миллии Тоҷикистон фармондеҳони ин артиш, ки як субҳ аз хоб генералу майору полковник шуда бархоста буданд ва ҷанговарони Фронти халқӣ, ки дар остинҳои худ латтаи сурх доштанд, ҳамроҳӣ мекарданд ва ба рақси сарбозони русу духтарони тоҷик қарсак мезаданд. Онҳо инчунин силоҳҳои худро сари сина дар ҳолати омода нигаҳ медоштанд, зеро ҳар лаҳза, аз ҳар раҳгузари дардрасида мумкин буд, ҳамлае сурат гирад.

Аммо раҳгузарон ва куллан бахши аъзами аҳолӣ коре ба онҳо надошт ва онҳо аз майдони ид рад мешуданду ба сӯи бозор ё заводи нон мерафтанд, дар пайи бурдаи ноне.

Дар Душанбе нон набуд. Онгуна ки ин ҳамсӯҳбати мо мегӯяд: "Мо шабҳо дар пеши мағозаҳо, дар пеши тсехҳои нонпазӣ навбат меистодем, ки як ё ду дона хлеб гирем, ҳамин хел меъёр карда буданд ва аз ин зиёд ба дасти кас нон намедоданд. Дар он вақт ҳама аз пайи ризқу рӯзӣ медавид. Қумондонҳо дар мошинҳои худ мегузаштанд ва ба мардуми одӣ зулм мекарданд. Як давраи душворе буд барои халқ."

Ва Нуралӣ Қурбонов, собиқ раиси вилояти Қӯрғонтеппа ба ёд меорад, ки мардум аз рӯйдодҳои кишвари худ такон хӯрда буд ва давлат ба маънои аслияш вуҷуд надошт: "Мардуми мо ҳаргиз хаёле надошт, ки чунин рӯзи сахт ба сараш меояд, бовар надошт, ки тоҷик дар ватани худ худашро озод ҳис карда натавонад. Аз дасти ягон миллати дигар не, аз дасти миллати худ, аз фарзанди модари худ, фарзанди падари худ дар тарсу ҳарос буд. Ва давлат ҳамчун давлат дигар вуҷуд надошт ва наметавонист, аз ҳаққу ҳуқуқ, аз ҷону моли мардуми худ ҳимоят кунад. Гуфтан мумкин ки давлат умуман аз байн рафта буд."

Онҳое ки аз Тоҷикистон фирор карда буданд, саҳнаи иди Урдуи шӯравиро, ки акнун иди артиши миллии Тоҷикистон низ эълон шуда буд, аз телевизион медиданд ва ҳам онҳову ҳам ҳазорон нафари дигар аз паноҳандагони тоҷик дар кишварҳои дуру наздик, дар ин рӯз фикр мекарданд, ки ҳиҷрати иҷбории онҳо кӯтоҳ хоҳад буд, ду-се моҳ ё зиёдаш ним сол ва онҳо ба ватани азизи худ боз хоҳанд гашт.

Онҳо ба парчамбӯсиҳои раҳбари нави кишвар ва савгандҳои сулҳи ӯ дар иҷлосияи сарнавиштсози Хуҷанд бовар мекарданд, вале намедонистанд, ки сар кардани ҷанг осон асту поён додан ба он мушкил. Давлат Усмон, намояндаи оппозисюн дар ҳукумати муросои миллӣ дар мақоми ноиби сарвазири Тоҷикистон, бар ин аст, ки воқеъан иҷлоси Хуҷанд, ба дуҳокимиятӣ дар кишвар хотима гузошт ва раҳбари нави Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов зоҳиран бо тамоми вуҷудаш хоҳони сулҳу оромӣ дар кишвар буд: "Раиси тозаинтихобшудаи порлумон, ки иҷрокунандаи вазифаи сардори давлат ҳам ки буд, фикрҳои хеле хуб дошт ва дар майдони ҳавоӣ, вақте ки ҷаноби Раҳмонов қумондонҳои оппозисюнро гусел мекард, хеле суханҳои хуб гуфт. Аммо дар он вақт фишор болои ҷаноби Раҳмонов ҳам хеле зиёд буд. Тамоми қумондонҳои Фронти халқӣ як рӯҳияи реванш, ҳавои қасосгирӣ ва ниқорталабӣ доштанд. Ҷаноби Раҳмонов нияти хуб дошт, аммо танҳо буд ва наметавонист, онро амалӣ кунад."

Дар рӯзи охири иҷлосияи Хуҷанд, вақте президент Раҳмон Набиев бори дигар ба истеъфо рафт, ҳарчанд аз суханронии тӯлонӣ ва дардомези ӯ метавон рамуз гирифт, ки ҳанӯз мехост, ба ин кишвари ҷангзада сарварӣ кунад ва вақте ки мақоми раёсатиҷумҳурӣ баҳам дода шуду раиси ҳукумати вилояти Кӯлоб, собиқ директори совхоз, узви маҷлис Эмомалӣ Раҳмонов ба мақоми раиси Шӯрои олӣ ва шахси аввали кишвар интихоб гашт, зиёфати оши оштӣ дода шуд. Гӯсфандҳоро сар заданд, то дигар на хуни инсон бирезад, дегҳоро ба ҷӯш оварданд, то лаззати таъом ёдбудҳои нек биангезад ва ба гузашта салавот гуфтанд, то рӯзгори наверо сар кунанд.

Вале Акбари Турсонзод, донишманди тоҷик, ки дар он рӯзҳҳо дар фикри муҳоҷират ба Амрико буд, фазоро ингуна тасвир карда буд: "Мо бисёр мехостем, ки вазъи ҷумҳурии мо баъд аз воқеъаҳои сиёсие, ки гузашт, ором шавад. Бисёр мехостем ва умед доштем, ки баъд аз иҷлосияи Хуҷанд ва интихоби раҳбарияти нав... ва раҳбарияти нав як иқдом ҳам кард барои ба сулҳу салоҳ овардани ҷомеа, лекин мутаассифона, он саъйю кӯшише ки аз тарафи раҳбарияти нав ба харҷ дода шуд, он қадар самаранок набаромад. Яъне ҳанӯз ҷомеа ноором, ҳанӯз ба эътидоли иҷтимоиву сиёсӣ нарасидаем, ҳанӯз куштору бедодгарӣ, рафтори ғайриқонунӣ давом мекунад ва сарҳад ҳам ноором аст, биноан ҳамаи ин дар ҳамаи шууру авзоъ ва рафтору гирифториҳои мардум бозтоб дорад."

Ба зону нишастани раҳбар давлат ва бӯсидани парчами миллӣ коре буд, ки то Эмомалӣ Раҳмонов ҳеч яке аз сарони Тоҷикистон дар мазҳари ом накарда буд. Вай дар ҳар чанд ҷумла аз зарурати бахшоишу омурзиш ва ваҳдати миллӣ ёд мекард, вале нашрияҳои Душанбе он вақт навиштанд, ҳанӯз маълум нест, Раҳмонов наҷотбахш аст ё назарфиреб, ҳарчанд ин ду роҳро дар пеш дорад. Пас чаро сулҳ ба даст наомад? Таърихшиноси тоҷик Нуралии Давлат: "Аввалан, онҳое ки ба сари қудрат омаданд, таҷрибаи давлатдорӣ надоштанд. Дуввум, онҳо дар тасмимгириҳои худ мустақилу озод набуданд. Ман фикр мекунам, ки Русия ва Узбакистон дар муқобили пуштибонии худ аз онҳо иҷрои манфиатҳои хешро мехостанд. Саввум, ҷонибҳо дигар ба ҳамдигар бовар намекарданд, на мухолифон ба Фронти халқӣ ва на Фронти халқӣ ба мухолифон."

Ширкаткунандаи иҷлоси Хуҷанд, собиқ ноиби сарвазири Тоҷикистон Давлат Усмон низ мегӯяд, дар байни тарафҳои тоҷик эътимоде боқӣ намонда буд ва аз он ҷо ки Русияву Узбакистон Раҳмоновро ба қудрат расонда буданд, аз ӯ тазмини манофеъи худро мехостанд: "Иҷлосияи Хуҷанд кишварҳоеро, ки аз нирӯҳои ҷадид дар Тоҷикистон эҳсоси хатар мекарданд ва дар Тоҷикистон манфиат доштанд, мисли Узбакистон ва Русия, онҳоро қаноатманд кард, ки дигар нирӯҳои ҷадид дар қудрат шарик нестанд, ҳамчуноне ки на Узбакистон ва на Русия Ҳукумати муросои миллиро эътироф накарда буданд."

Ширкати баъдинаи Русия ва Узбакистон дар ҷанги дохилии Тоҷикистон дар шакли задухӯрдҳо дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон ва бомбаборони деҳоти Ғарму Тавилдара ё урдугоҳҳои паноҳандагон дар шимоли Афғонистон ва ба ин тартиб идома кардани ин ҷанг то нимаи гуфтушунидҳои сулҳи таҳти сарпарастии Созмони Милали Муттаҳид метавонад, яке аз посухҳо ба пурсише бошад, ки чаро раҳбари нави мамлакат Эмомалӣ Раҳмонов натавонист, пас аз иҷлоси Хуҷанд, бо симо ва аҳзоби демократию исломии кишвар забони оштӣ пайдо кунад. Ин ҳам дар ҳоле ки ин афрод ва ниҳодҳо дар оғоз аз зуҳури як раҳбари нав истиқбол карда буданд. Чанде аз раҳбарони ин тараф дар иҷлосияи Хуҷанд ҳузур надоштанд ва Давлат Усмон, мегӯяд, дар рӯзи дуввуми ҷаласа ба ҷони ӯ сӯиқасд сурат гирифту ӯ маҷбур гашт кишварро тарк кунад. Раҳбари идораи мусулмонони кишвар Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода низ дар ин ҷаласа набуд: "Ва сабаби ширкат надоштанам ҳамин буд, ки дар рӯзҳои ин иҷлосия ман дар Тоҷикистон набудам. Дар сафар будам ва вақте ки ба Маскав ворид шудам, шунидам, ки Раҳмонов раиси Шӯрои олӣ интихоб шудааст. Ба Душанбе расидан замон ба эшон як барқияи табрикӣ фиристода, омодагии худамонро ба пуштибонӣ аз ҳукумати тозатаъсис ва роҳбарияти навинтихоби Шӯрои олӣ эълом дошта будем."

Ҷаноби Тӯраҷонзода меафзояд, бисёриҳо худро маҷбур карданд, то бовар кунанд, ки ҳукумати нав, ки акнун бо Русия ва Узбакистон мушкиле дар миён нахоҳад дошт, ба кишвар сулҳу оромӣ меорад. Вай мегӯяд, тамоми корро кард, то дар Душанбе ҷанг нашавад ва ҳукумати нав бе мушкил вориди пойтахт гардад. Дар ҳақиқат ҳукумати нави Тоҷикистон бидуни ҷанг вориди Душанбе шуд ва садҳо шоҳиди айнӣ метавонанд, навиштаи нашрияҳои Русия ва бархе аз таърихнигоронро, ки гӯё танҳо баъд аз ҷангҳои шадиду тӯлонӣ ҳукумати нав ба шаҳр даромад, комилан рад кунанд. Дар он рӯзҳо бо талошҳои собиқ ноиби мудири корхонаи арзизи Тоҷикистон Муҳиддин Зуҳуриддинов, ки бо номи майор Абулхайров машҳур гашта буд, 13 ситоди гуногуни мусаллаҳи Душанбе дар мактаби милиса муттаҳид карда шуданд ва қарор шуд, онҳо ба самти Кофарниҳон ақиб нишаста, шаҳрро тарк кунанд. Вай мегуфт, русҳо бисёр орзу доранд, дар шаҳр ҷанг шавад ва Душанбе ба хок яксон гардад. Он гоҳ ин доғ бар дӯши нирӯҳои ба истилоҳ мардумӣ ҷовидона мемонад, ҳаргиз оштие имконпазир намегардад ва ҳам барқарор кардани Душанбе кишварро дастнигар мекунад. Бисёре аз гурӯҳҳо омода буданд, халъи силоҳ шаванд. Ҷаноби Тӯраҷонзода мегӯяд: "Мо паём дода будем, ки барои 10 то 15 рӯз, то барқарор шудани тамоми ниҳодҳои ҳукумат дар шаҳри Душанбе нирӯҳои Фронти халқӣ вориди Кофарниҳон нашаванд. Ин дар ҳоле буд, ки гурӯҳҳои таҳти фармони Файзалӣ як бор ба Кофарниҳон сар зада, даҳҳо нафарро кушта буданд. Се нафар аз мақомоти шаҳри Кофарниҳон бо пешниҳоде назди раҳбарияти нав рафта буданд, ки барои таъмини амнияти мардум, дар сари роҳи Кофарниҳон аз ҳисоби фирқаи 201-и Русия посгоҳе таъсис ёбад ва замоне ки мардум мутмаъин шуд, ҳамлае сурат намегирад, мо худамон нирӯҳои мавҷударо халъи силоҳ мекунем. Сабаби чунин пешниҳод ин буд, ки аксари фармондеҳони Фронти халқӣ он вақт саргамри пирӯзиҳо буданду ҷавонони беахлоқ буданд ва таърих ҳам инро нишон дод, зеро бисёре аз онҳо баъдан зиндонӣ шуданд, мардум намехост, онҳо вориди ноҳия шаванд. Ва пас аз 15-20 рӯз то як моҳ, вақте мардум бовар кард, ки Фронти халқӣ нияти ҷангу ҷидол ва интиқомгирӣ надорад, мо худамон ҳамаро халъи силоҳ мекунем ва бо ҳамин кишварамон аз ҷанг эмин мемонад. Аммо авзоъ таври дигар пеш рафт ва маро огоҳ карданд, ки дар ин ҷо боқӣ монданам хатарнок аст. Бо вуҷуди ин, ман то моҳи январ дар минтақаи Ромит боқӣ мондам."

Ҳамзамон дар аксари маҳалҳои вилояти Қӯрғонтеппа қатлиоми мардуми бегуноҳ идома дошт. Шиддати ин наслкушӣ буд, ки зиёда аз 60 ҳазор нафар симхорҳоро дар марзи миёни Тоҷикистону Афғонистон дарида, дар минтақаи ҳоили қитъаи марзии Айваҷ паноҳ бурда буданд ба умеди ин ки марзбонони рус онҳоро ҳимоят хоҳанд кард. Як шоҳиди хурдсоли ин ҳодисаҳо, Абдураҳмони 11-сола, дар урдугоҳи паноҳандагон он рӯзҳоро ингуна ба ёд овард: "Мо дар Ҷилликӯл мезистем. Сангак омад, хонаи моро алов зад, мо ба Қумсангир омадем. Он ҷоро ҳам заданд ва мо ба сарҳад омадем, ба он сӯи симхор. Баъд аз дарё гузаштем. Мегузаштем, ки як танки СНГ омад, як кемаро зад. Чанд нафар дар он буданд, чаппа шуданд. Мо ки дуртар будем, моро зада натавонист ва мо гузаштем."

Дар ин урдугоҳ духтаракони наврас ба лаҳни маъюсу гиряолуд ин гуна тарона мехонданд:

Ҳой, имрӯз чи рӯзай ҳавои осмон авройе
Ҳой мардум ҳама дар кӯчаи афғон ғавғое
Ҳой дар сари куча бурое овоза кунед
Ҳой шаҳидои беватана ҷаноза кунед...


Аз он ҷо кӯдакони ҷанги Тоҷикистон ростгӯтарин ва бериётарин шоҳидони ин ҷанганд, дар додгоҳи виждон яки дигар аз онҳо чунин мегӯяд: "Аз Шаҳритус ба лаби дарёи Афғонистон муҳоҷир шудем. Аммо ба он сӯ нагузаштем, зеро гуфтанд, ки тинҷӣ мешавад, бо ба ҷоямон меравем. Халқ хелеяш гузашт. Мо истодем. Бегоҳӣ, ҳамин вақтҳо буд, ки яке Узбакистон ба ҳуҷум гузашт, муҷоҳидҳо ақибнишинӣ карданд, зӯрашон нарасид, ҳама худашро ба об зад, чанд нафар дар об мурду чанд нафарро моҳӣ хӯрду баъд ба як ҳолҳое гузаштем..."

Ва боз таронаи духтаракони навраси муҳоҷир:

Ҳой дар болои Шаҳритус тир мереза
Ҳой халқи Шаҳритус бесарупо мегреза
Ҳой ҳамсояш тир зад гули бистсоларае
Ҳой дар руи диван хуни дилаш мереза...


Маълум мешавад, ки устод Саид Абдуллоҳи Нурӣ низ дар он рӯзҳо дар шаҳри Душанбе буд ва танҳо баъд аз идроки он ки ҳукумати нав на сулҳ, балки решакан кардани ҷумбиши исломиро ҳадаф қарор додааст, кишварро тарк кард. Вай дар соли 1995 он рӯзҳоро дар як мусоҳиба бо мо чунин ёдоварӣ кард:

"Мардум шаҳид доданд, хонаҳояшон сӯхт, амволашон тороҷ шуд ва онҳо омаданду паноҳ ҷустанд дар гарнизонҳо ё урдугоҳҳои Русия, ки дар сарҳад ҳастанд ва аз ин ҷо ҳам онҳо кашида шуданд ва қатли ом шуданд ва ҳатто кӯдакону мӯйсафедон, ки дар ин ҷо буданд, ҳама ба таври умумӣ кушта шуданд ва мардум маҷбур шуданду убур карданд аз дарёи Омӯ ва дар дохили дарёи Омӯ ҳам, маълум нест аз тарафи силоҳбадастон бошад ва ё аз тарафи он касоне ки дар он сарҳад силоҳ доранд, умуман, мардум дар дохили дарё ҳам баъзе ғарқ шуданд, баъзе кушта шуданд. Дар вақти убури мардуми Қубодиёну Шаҳритус аз дасти ин режими сангакӣ ва ин хунхорҳои коммунист дарёи Омӯ сурх шуда буд аз хуни миллати тоҷик. (Чанд лаҳзаи сукути комил ва андеша...) Бо ин машаққат дар зимистони бисёр ҳам сахт дарёро убур карданд ва онҳоеро, ки зинда монданд, мардуми мусулмони Афғонистон истиқбол карданд, ба онҳо як бурда нони худро тақсим карданду доданд ва мо ҳам баъд аз он ки мо ҳам дар ин вақт дар дохили Душанбе будем (оби гулӯяшонро фурӯ мебарад), баъд аз он ки шунидем, ки мардум бесарпараст ҳастанду бесарнавишт ва вазъият ҳам дар Кофарниҳону Душанбе хеле вахим шуд, пас мо ҳам роҳи ҳиҷратро ихтиёр кардем ва омадем дар ин ҷо, пеш аз ҳама фаъолияти Ҳизби наҳзати исломии худро боздоштем ва гуфтем, ҳамон наҳзате ки ҳанӯз баъд аз духули артиши Русия дар кишварҳои Осиёи Миёна як наҳзати исломӣ вуҷуд дошт ва онро мо дар соли 1975 эҳё кардем, ҳамонро идома медиҳем."

Дар ҳоле ки тарафдорони ҷаноби Нурӣ ва дертар худи ӯ сарпарастии паноҳандагонро бар зимма гирифта буданд, ҳукумати навташкили Тоҷикистон низ дарк мекард, ки шумори зиёди фирориён ба манфиати мухолифон аст ва метавонад, ба пойгоҳи иҷтимоии онҳо табдил ёбад. Биноан, ба ақидаи ҷаноби Иброҳим Усмонов, раиси вақти радиои давлатӣ дар ҳукумати Раҳмонов, мебоист, ин фарш аз зери пои оппозисюн берун кашида шавад: "Тақрибан моҳи марти соли 1993 ман тасмим гирифтам, ки дар радиои Тоҷикистон барномаи садои муҳоҷиратро бо номи "Хоки ватан" ба вуҷд оварем, ки баъдтар пайдо шуд. Азбаски он қумондонҳое ки ман мешинохтам, қатъан зид буданд, мисол доим мегуфтанд, ки "хайр, мана аз Эрон фалон миллион нафар баромада рафт, касе суроғ намекунад, аз Афғонистон фалон миллион нафар баромада рафт, касе суроғ намекунад, шарт аст, ки ҳамин ҳазор ё чанд ҳазоре ки рафтааст, ҳаминро мо аз паяш бошем?" -- ҳамин хел чизҳо буд. Ман он вақт муовини аввали радио ва телевизион будам ва дидам, ки ба ин шакл кор пеш намеравад ва маҷбур шудам ба раиси Шӯрои олии ҳамонвақта, Раҳмонов муроҷиат кунам ва ман гӯям, ки ана ҳамин хел чиз мехоҳам. Он кас аз ман пурсиданд, ки чӣ ҳаст нияти ниҳоияш. Ман гуфтам, агар мо сулҳ мехоста бошему гуфтушунид карданӣ бошему масалан, зарурати гуфтушунид пайдо шавад, мо пеш аз ҳама заминаи ҳамон мухолифатро диданамон даркор. Заминаи онҳо ин муҳоҷирон ва гурезаҳо ҳастанд. Ҳамонҳоро баргардондан даркор. Он кас розигӣ доданд ва гуфтанд, ман чӣ кор кунам. Ман гуфтам, Шумо ба радио баромад кунед. Ман гуфтори якумро аз Шум о сар кардан мехоҳам. Ман, албатта, ҳамчун журналист кӯмак кардам барои такмили матнашон ва аз ҷумла як чизи муҳиме ки дар ин ҷо он кас гуфтанд, ҳамин буд, ки шумо ба ватан бозгардед, ман ба шумо кӯҳи Сулаймон, кӯҳи тило ваъда намекунам, вале ҳар он чизе ки мо дар ватан дорем, якҷоя мебинем. Агар молу мулкатон ба шумо насиб накунад, ба каси дигар насиб намекунад."

Ба ақидаи ҷаноби Усмон ин тақрибан аввалин паёми оштӣ буд ва барномаи радиои Тоҷикистон бо номи "Хоки ватан" дар байни паноҳандагон бо ин маҳбубият пайдо кард, ки онҳо метавонистанд, аз он садои хешу наздикони худро шунаванд, бидонанд, ки онҳо зиндаанд. Мегӯянд, яке аз сокинони Душанбе дар ин барнома ба наздиконаш муроҷиат кардааст, ки баргардед, ин ҷо амну оромист, ҳама чиз хуб аст, вале он равғану орду биринҷе ки ба шумо ҳамчун кӯмак медиҳанд, низ бо худ биёред. Оё ин гуна паём садо дода буд ё на, маълум нест, вале вазъи иҷтимоӣ ва иқтисодӣ дар кишвар ғайриқобили тасвир буд. Масрури Абдуллоҳ, донишманди тоҷик: "Вазъи иҷтимоиву иқтисодии соли 1994, ба фикри ман ин як вазъи баъдиҷангӣ буд. Чунки соли 1992 ҷангҳои шадид шуданд дар Душанбе, соли 1993 як навъ барқароркунӣ буд ва ҳарчанд ки мардум дудила буданд, ба ҳар ҳол як тартиботи нисбӣ барқарор шуду мардум боз ба ҷойҳои кории аввалаи худ баргаштанд. "

Ва пажӯҳишгари маркази мутолиоти стратегии Тоҷикистон Фирӯз Саидов: "Дар он солҳои низоми бартерӣ вуҷуд дошт, яъне системи натуралӣ, ки бисёртар ба давраи феодализм хос аст. Мардум аз набудани пул маҳсулотро бо маҳсулот иваз мекарданд. Дуввум инки умуман дар Тоҷикистон бозори иқтисодӣ вуҷуд надошт. Фикр мекунам, он давраро солҳои гушнагӣ ҳам гуфтан мумкин аст ва махсусан дар деҳот мардум бисёр азоб мекашиданд."

Иқтисодшинос Ҳоҷимуҳаммад Умаров: "Азбаски қурби пул 15-20 мартаба паст шуда буд, корхонаҳо наметавонистанд, ки фондҳои гардони худро барқарор кунанд ва дар натиҷа онҳо наметавонистанд, қарзҳои худро баргардонданд. Дар чунин вазъият дар Тоҷикистон як ислоҳоти пул гузаронида шуд ва ҳама аз ҳама қарздор шуданд."

Аз лиҳози сиёсӣ низ ҳукумати нав дастоварди муҳиме надошт, баракс хабари даргириҳо, бомбаборонҳо, паноҳандагон, нақзи ҳуқуқи инсон ва садо баланд кардани оппозисюн пас аз як дастпохӯрдагӣ, равобит бо Русия ва Узбакистон сармояи пешдоди сиёсии онро ба таварруми сахт рӯбарӯ карда буд. Раиси созмони мардумии Растохез, Тоҳири Абдуҷаббор дар соли 1994: "Имрӯз ҳукумати Тоҷикистон дар садади ҳифзи манофеъ ва ҳуқуқи мардуми худ нест. Аз ҷумлаи шахсиятҳои саршиноси аз ҷумла шӯравии собиқ, хелеҳо борҳо гуфтанд, ки Тоҷикистон имрӯз ба як протекторати Русия табдил шудааст. Мо борҳо гуфта будем, ки дар Тоҷикистон набояд ин ҷангу ҷидол ва хунрезӣ ба вуҷуд биёяд ва идома ёбад ва аз ҳукуматдорон борҳо гаштаю баргашта талаб карда будем, ки ин вазифаи онҳост, ки ба ин хунрезиву бародаркушӣ хотима гузоранд. Ҷанг танҳо ва танҳо бар зарари халқи тоҷик аст. Хуни касе ки нарезад, хуни халқи тоҷик аст ва ҳар қадар ки ин даргириҳо идома ёбад, ба ҳамон андоза иқтисоди Тоҷикистон харобтар мешавад ва кишвар ба тобеъияту вазъи бадтари сиёсиву иқтисодиву иҷтимоӣ гирифтор мешавад. Дар ин гуна шароит ҳамон истиқлолияти коғазии Тоҷикистон, ки ба ном ҳасту худаш вуҷуд надорад, ҳамон ҳам метавонад аз байн биравад. Гузашта аз ин хатари порча-порчашавии Тоҷикистон дар миён аст."

Ва донишманди тоҷик Акбари Турсонзод, он рӯзҳо пешбинӣ мекард, ки вазъият наметавонад, ба ҳамин минвол идома пайдо кунад: "Муҳимтарин масъала ҳоло ин аст, ки мо чӣ кор карданием. Барои ин бояд чанд омиле ҳаст, ки бояд дар назар гирифт. пеш аз ҳама чандсад ҳазор кас аз Тоҷикистон баромада рафт. Инҳо ҳамту одамони кӯчагӣ набуданд. Одамони кордон, мутахассис, фаъол ва заҳматкаш буданд. Ин вазъи моро бисёр хароб кард. Бинобар ин яке аз масъалаҳо ин баргардондани муҳоҷирон аст. Аммо ин ҳам масъалаи оддӣ нест. Онҳое ки аз кишвар рафтанд, аксари онҳо муборизони қавии роҳи демократия ва эҳёи миллӣ буданд. Онҳо ҳамту баргашта намеоянд. Онҳо мехоҳанд, дар ҷумҳурӣ як шароити беҳтаре шавад, ки барои фаъолияти мӯътадили иҷтимоиву сиёсии онҳо як шароити мусоди даркор аст ва агар чунин шароит набошад, онҳо барнамегарданд. Пас аз ин болотар равем, боз як масъалаи муҳими сиёсӣ пеш меояд. Ин масъалаи интихоб аст: муросои миллӣ ё давоми ҷанг."

Ва донишманди тоҷики муқими Маскав Азизи Ниёзӣ дар як пажӯҳиши худ менависад, иҷлоси Хуҷанд ба гунае ҷараён гирифт, ки ҳокимиятро ба дасти сулолаи Кӯлоб дод. Ленинобод ва Ҳисор низ то андозае "дастмузд"-и худро аз "муборизаи барқарор кардани ҳукумати конститутсионӣ" гирифтанд. Ғарму Бадахшон бенасиб монданд.

Ва интихобе ки Акбари Турсонзод мегӯяд, на муросои миллӣ, балки давоми ҷанг шуд. Ҷанг бо онҳое ки дар тақсимоти Кохи Арбоб бенасиб монданд...

Садоҳо инҷоянд
XS
SM
MD
LG