Пайвандҳои дастрасӣ

Се сарбози турк дар марз бо Ироқ кушта шуд


Ахиран мусалаҳони курд се сарбози туркро кушта ва шаш корманди хадамоти амниятии Туркияро захмӣ кардаанд.

Гуфта мешавад, ҳодиса дар як минтақаи ҳаммарз бо Ироқ бар асари инфиҷори майни рӯи раҳгузоштаи мусаллаҳони курд ба вуқӯъ пайваст. Ва ин дар ҳолест, ки ин минтақа ҳанӯз рӯзи панҷшанбе минтақаи муваққатан амн эълон шуда буд.
XS
SM
MD
LG